Суханҳои косалесони Кабирӣ

Аз рӯи расонаҳои хабарии гуногун ба монандӣ, Радиои Озодӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан Facebook назар андозем, пас маълум мегардад, ки бештари диққатҳои хусусан намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ба ин шабакаҳои қайдшуда равона шудааст, зеро инҳо аз рӯи ақидаи манфурон ҳамчун манбаи асосии таъсирррасонанда ба мафкураи ҷавонон ҳисобида мешаванд.

Аз рӯи таҳлилҳои хабарҳои охирин сухан гуфтанӣ шавем, дар он хусусан фикру ақидаҳои ибрознамуда бештар дар ҷодаи аз ҷониби лагандбардорони Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни ӯ, ки худро ҳамчун шахсони боадолату инсондӯст ва ғамхори мардуми кишвар меҳисобанд,  сафед гардонидани он ватанфурӯшон ва кӯрнамаконони собиқ аъзоёни ТЭТ ҲНИ мебошад.

Дар яке аз бандҳои фикрҳои пуч ва беасоси худ қайд менамоянд, ки гӯё “Эмомалӣ Раҳмонов тобу тоқат ва таҳаммули Кабириро ҳанӯз дар ҳамон солҳое, ки Кабирӣ тоза вориди арсаи сиёсат шуд ва бахусус баъд аз интихоботи парлумонии соли 2010, ки маҳбубияти фарогирӣ касб кард, надошт. Зеро Раҳмонов дар баробари Кабирӣ худро ниҳоят оҷиз дид”. Ин ақидаҳое, ки онҳо таъкид карда истодаанд, ҳама пур аз дурӯғу ҳилла асту бас, зеро онҳо ҳаминро дарк наменамоянд, ки гарчанд худ ҳамон вақт манфур М. Кабирӣ низ ҳамчун роҳбари ҳизб дониста мешуду, Пешвои миллатамон бошад сарвари мамлакат, бинобар сарвари мамлакат чӣ тавре ки маълум аст, аз рӯи дастурамали хизматӣ ва роҳбари ҳизб низ аз рӯи дастурамали хизматии худ амал мекунад, ки дар ин ҷода аз рӯи вазифаву салоҳият вазифаи дуввум ба якум тобеъ мебошад. Аз ин бармеояд, ки барои тарсу ҳарос ба сарвари мамлакат нисбати ин шахси лагандбардор ягон асос нест.

Инчунин дар дигар қисми суханҳои худ мегӯяд, ки “… алҳол гарчанд Эмомалӣ Раҳмон бо эътироф намудани ТЭТ ҲНИ ҳамчун ҳизби террористиву экстремистӣ барои нобуд сохтани роҳбари ин ҳизб кӯшиш ба харҷ дода истода бошад ҳам, ӯ ва аъзоёнаш дар асоси қарори СММ ва Кумитаи ҳуқуқи башар ҳамчун шахсони гунаҳгор ҳисобида намешаванд. Ба ҳар ҳол гӯё аз сабаби мардонагӣ ва тоқатфарсоӣ ва халқпарварӣ  Кабирӣ бо мақсади ғамхорӣ ба аҳолӣ дар ҷодаи пешгирӣ намудан аз сирояти бо ном “Короновирус”, ба ҳукумати мамлакат пешниҳодҳо пешкаш карда истодааст”.

Дар асоси таҳлили ин гуфтаҳо ҳар як шахси тозафикру ватандӯсти кишвар бо боварии комил қайд менамояд, ки ҳамаи ин ақидаҳо ҳама нодурустанд, зеро сабабҳои эълон гаштани ҳизби қайдшуда ҳамчун ҳизби хусусияти террористиву экстремистидошта ба ҳама маълум аст. Акнун нисбати қарори СММ назар андозем, пас маълум мешавад, ки агар ин гуфтаҳо рост мебуд ва дар ҳақиқат ин ташкилот онҳоро бегуноҳ эълон мекард, онҳо ин қарорро бо иқтибосаш меоварданд. Пас гуфтан ба маврид аст, ки мо набояд ба ин суханҳои пуч ва фиребангез бовар кунем, балки ҳамеша кӯшиш намоем, то ки ҳамавақт барои халалдор нагаштани оромии дар кишварамон мавҷуда, саҳмгузор бошем.

Қосимов З.А. – ассистенти кафедраи

хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like