Ҳаволатон ба Худо бод наҳзатиёни хоин!

Вақте, ки аз дили пур аз ҳарорату ранҷи зиёди кашидаи модари фарзандгумкарда огоҳ мешавад, беист ба саркардагони ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом таънаҳои бепоён мехонад.

Аз нақли модари Юсуф кас огоҳ шуда, ба хулоса меояд, ки бо сарварии ин ҳизби мамнӯъ шуда Муҳидддин Кабирӣ, ки ба мисли Юсуфи гумроҳшудаю фирорхӯрда чӣ қадар ҷавононро ба доми худ кашида ба коми марг бурдаанд.

Мо намедонем, ки Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба Юсуфи фиребхӯрда чӣ ваъдаҳои дурӯғу бофтаи худро пешниҳод кардаанд.  Аз соли 2007 модари Юсуф дар хаёли фарзанди фиребхӯрдаи худ, шабро рӯз – рӯзро шаб карда меояд. Магар дуои ин зани барҷомонда намегирад рӯзе ин хоинони миллатро?

Шумо тасаввур кунед, ки аз номи дини мубини ислом баромад карда, бо чӣ роҳҳо фарзандони модарони бегуноҳро ба доми худ кашида ва истифода бурда дар нимароҳ мепартоянд. Бубинед, ки фарзандонро мисли Юсуфҳои дигар бо шайтонию макорию рӯбоҳӣ ба аъзои ҳизби наҳзати исломии террористӣ ҷалб кардаанд.

Онҳо ҷавонони фиребхӯрдаро бо пулҳои ҳароми худ фиреб дода, аввал ба ҳизб, баъдан ба хориҷи кишвар ва дигар ваъдаҳои дурӯғини худ ба малакатҳои Сурия ва Ироқ барои мақсадҳои нопоки худ истифода бурда истодаанд. Модари Юсуф аз сӯҳбат маълум шуд, бо ғам ва ошӯби зиёд саломатиашро қариб аз даст додааст ва бо вуҷуди ин ӯ чашм ба сӯи дарвора зада, ки рӯзе фарзандаш аз дасти хоинони миллат раҳоӣ ёфта ба дидори модараш меояд.

Кош  нафарони гумроҳ ба мисли Юсуф, ки хатогиҳояшро фаҳмида, ба сӯйи Модар-Ватани биҳиштосои худ Тоҷикистони азиз меомаданд. Мо боварии дорем, ки ҳамаи ҷавонону наврасони фиребхӯрда ба назди модару падари худ бармегарданд.

                                      Изҳороти Очилова Ф.А. – самуаллимаи кафедраи

ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ

You might also like