Ҷавонони азиз ва донишҷӯёни гиромӣ!

Т А Б Р И К О Т И

ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир

ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 Ҷавонони азиз ва донишҷӯёни гиромӣ!

Шумо насли саодатманд ва оядндасози кишвари азизамонро аз номи раёсати донишгоҳ ба муносибати фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, хонаободиву некномӣ ва дар ҷодаи интихобкардаатон барои ба даст овардани дастовардҳои назарраси таълимӣ, илмиву эҷодӣ барору комёбиҳо таманно менамоям.

Нақш ва нерӯи Шумо ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошанд. Дар воқеъ, Шумо ҷавонони хушбахтед, зеро барои амалӣ гардидани орзуҳои некатон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда, ҳамарӯза аз дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдор ҳастед.

Маврид ба ёдоварист, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид месозанд, ки Тоҷикистон кишвари ҷавонон мебошад ва имрӯз қисми зиёди нерӯи зеҳнии онро дар тамоми соҳаҳо ҷавонон ташкил медиҳанд. Самара ва натиҷаи муваффақонаи фаъолияти ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон баръало эҳсос гардида, саҳми Шумо ҷавонону донишҷӯёни азиз дар раванди бунёдкориву созандагии Ватани азизамон ба таври шоиста арзёбӣ мегардад.

Қобили қайд аст, ки донишҷӯёни донишгоҳ бо талошу заҳматҳои пайвастаи устодон дар озмунҳои мухталифи шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол – 2019» ва «Таронаи донишҷӯ», озмунҳои вилоятии «Донишҷӯи сол – 2019», «Таҳияи бизнес – нақшаҳои соҳибкорӣ» «Дастони моҳир» фаъолона иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд. Ҳамзамон, варзишгарони донишгоҳ низ дар як қатор мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок ва бо дастовардҳои варзишии худ обрӯю нуфузи давлатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ ва парчами Тоҷикистонро боло бардошта, номи худро дар хазинаи таърихи варзишии кишвар сабт менамоянд.

Маврид ба ёдоварист, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли гузашта иштирок ва дар сатҳи вилоятӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Соли равон низ барои иштирок дар озмунҳои мазкур тайёрии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз мо тамоми кормандону устодони донишгоҳ аз он қаноатмандем, ки Шумо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро азхуд намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши дучанд менамоед ва баҳри боз ҳам баланд бурдани обрӯву эътибори донишгоҳ саҳми арзандаи худро мегузоред.

Итминони комил дорам, ки Шумо шогирдони азиз, баъди хатми бомуффақонаи донишгоҳ чун насли ояндасоз вазифаю масъулияти худро дар назди ҷомеа ва давлат хуб дарк намуда, дар оянда чун мутахассисони соҳибмаълумоту соҳибистеъдод, номбардорони давлату миллат ва ҳомиёни воқеии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ хоҳед кард.

Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед, ҷавонону донишҷӯёни азиз!

You might also like