Хари зиёновари наҳзатӣ
Баъди хондан ва таҳлили ин ҳолати ба вуқуъ омада, ки суҳбати скайпии ду ҷоҳили сиёсатзадаи муқими Амрико ва Аврупо ангушти ҳайрат газидам, ки инсон чи гуна метавонад, ин қадар миллатфурушӯ палидрафтор бошад. Якеаш, раиси ҳизби гурезаи ва манъшудаи наҳзат ва дигаре фарди худфурӯшу бевиҷдони амрикоӣ мебошад. Ин “мусоҳиб” аз дохили “камаз” мусоҳиба шудааст. Аҷоибиаш он аст, ки “блогер”-и навбаромад, навхату сохтасурат ки дар Амрико зисту зиндагони дорад ва худро сиёсатдону бафарҳанг меномад, забони шевову ширини тоҷикиро ин қадар дағалона истифода мебурд ва сӯҳбат карда наметавонад ва он чӣ, ки аз забони ӯ мебаромад, дар чорчӯбаи вожаву шеваю лаҳҷаи нимарусиву олами ҷиноии ғализ ғунҷоиш дорад. Кабирӣ ҳам, ғарқи ҳамин сӯҳбат шудаву аз ҳамсуҳбати ҷоҳилаш кам наомад, қафо намонд, бо шеваи нимаафғониву лаҳҷаи аҷнабӣ рӯнамоӣ кард.
Дар суханронии Кабирӣ ва ҳаммаслаки номатлубаш қайд карда шудааст, ки мехоҳанд бо фаҳмишу идроки хоинонаи худ ба сиёсати дурусту пешбарандаи кишвар дахолат намуда фикру ақидаҳои худро дар амал татбиқ созанд.
Сўхбати Муҳиддин Кабирӣ, ки дар хориҷи кишвар тариқи скайп ва ба вуқуъ пайвастааст, ба мисли пештара пур аз суханони пуч, иғво мебошад. Суханони ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки то ба имрўз низ худро ғамхори миллат аз нақшаю ниятҳои нопоки худ даст накашидаааст ва боз чи гуна «корҳои ташкилӣ» «бозсозӣ», кадом мубориза ва бо кадом мақсадҳо омода карда истодаанд. Зеро тамоми мардуми миллат медонад, ки наҳзатиҳо то чӣ андоза “фарҳангдӯсту фарҳангсолор” ҳастанд. Маҳз барои ҳамин сари наҳзатиҳои фиребкор ва бадахлоқ эътимод намекунанд.
Аҷабо ба тӯҳматбофиҳои наҳзатиҳо кӣ бовар мекарда бошад. Зеро мардум дар фазои ободу озод, дар сарзамини муқаддас, ҳаёти орому ободро ба сар мебаранд. Ва ҳамеша иброз менамоянд, ки тамоми мардум пайрави Пешвои миллатанд. Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддун аст. Бале, имрӯз дар ватанамон озодии сухан, виҷдон, интихобот, шароиту имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, барои тамоми шаҳрвандон баробар аст, як забон, як дин ва ҳизбиятҳои гуногун дорем, барои ободии ин меҳан кору фаъолият мекунем.
Баҳриддинов Ҳ.Б. – ассистенти кафедраи
технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ