Сад дареғ, ки тарбиянадида «насиҳат» кардан хостааст…
Навиштагунаҳои подарҳавои ба ном гўё журналист Халил Қаюмзодро, ки дар шабакаи иҷтимии «Фейсбук» бо унвони «Себ аз ҳотааш дур намеафтад», сабт шудааст, қироат намуда, аз «насиҳат»-ҳои бемазмуну ноҷояаш огаҳӣ ёфтем.
Яқин аз «насиҳат»-ҳо маълум, ки насиҳатгар худ ба панду насиҳат, тарбия, шинохти мавқеи худ дар ҷамъият ниёзмандӣ дорад. Маълум, ки Халил Қаюмзод шахси раҳгумзада буда, аҳли хонаводааш наход аз хотимаи ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон, таъмини тинҷиву оромӣ, сулҳу субот, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ободкориву созандагӣ, мавқеъ пайдо намудани кишвари мо дар байни 10- кишвари истоҳотгаро, яке аз амнтарин кишвари дунё маҳсуб гардиданаш, ки маҳз бо хизматҳои шоиста ва таҳти роҳбарии шахси оқилу доно – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон, бехабар бошад.
Таи чанд сол аст, ки Созмони Миллали Муттаҳид ва кулли мардумони дунё аз рўи пешниҳод, ташаббусҳои наҷиб ва таҷрибаи бойи Пешвои муаззами миллати мо кор гирифта истодаанд, дар ин радиф тоҷику тоҷикистониёнро дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ намудаанд.
Раиси шаҳри Душанбе – Рустами Эмомалӣ фарзанди чунин шахси поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ободкориву созандагӣ, шахсияти дар олам шинохташуда, дар иҷрои чанд вазифаҳои масъули давлатӣ ўҳдабароёна худро нишондода, аллакай таҷрибаи зиёд дар ин соҳаҳо ҳосил намудааст.
Ҳамчун Раиси арзандаи шаҳри марказии кишвар, ба садҳо ятиму бечорагон ва маъюбу эҳтиёҷмандон дасти мадад дароз намуда дуои неки онҳоро гирифта истодааст. Ё фарзанди фарзонаву содиқи Пешвои муаззами миллат буда, аз рўи дастуру ҳидоят, раҳнамоӣ ва насиҳатҳои оқилонаи падари дар ҷаҳон эътирофгаштааш амал карда, дар корбарӣ ва идомаи ободкориҳо саҳмгузор аст.
Аз ин лиҳоз, наход «насиҳат»-и як шахси бемавқеъ лаънатшунида, раҳгумзада, журналисти гумном Халил Қаюмзод ба чунин шахсияти баобрўву эътибор ҷоиз бошад. Мавриди гўшрас кардан аст, ки баъзан шахсони ғафлатзада мавқеи хешро дар ҷамъият надониста, ноҷоя ҳарзагўӣ мекунанд, «насиҳат»-и Халил Қаюмзод аз қабили чунин ҳарзагўиҳои муғризона ва кўрукўрона асту бас.
Ба ном гўё журналист Халил Қаюмзод аз мақоли «Себ аз ҳотааш дур намеафтад»-ро бемавқеъ истифода бурдаасту бехабар аст, ки мақоли ниҳоят хуби хирадмандони тоҷик «Аз шошаи саг оби дарё ҳаром намешавад» ҳам ҷой дорад.
Кенҷаев Ю. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ