Дастгирии дуҷониба

Аз сабаби тамоми оламро фаро гирифтани бемории сироятии COVID-19 ҳар яки моро зарур аст, ки дар ин вазъияти мушкил зиракии сиёсӣ ва хиради азалиро аз даст надиҳем, бо ҳамдигар, бо ниёзмандон, беморон, табибон ҳамкории судманд ба роҳ монда, баҳри пешгирии густариши ин беморӣ дастуру супоришоти Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус (COVID-19)-ро пурра риоя намоем. Зеро ин марҳилаи ҳассос имтиҳонест дар назди башарият дар роҳи муттаҳидӣ, ҳамкорӣ, гирифтани дасти ҳамдигар, ифодаи далерӣ, саховатмандӣ, умуман, инсонигарӣ.

Намунаи барҷастаи ифодаи меҳру шафқат ва муҳаббату ҳамдилиро мо кулли сокинони Тоҷикистон дар амали як қатор саховатмандони ватаниву кишварҳои хориҷӣ, бахусус, Ҷумҳурии дӯсту бародари хеш Ӯзбекистон дида истодаем. Зеро ин кишвар то имрӯз аллакай 3 маротиба ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона, ки ба таъмини ниёзҳои аввалиндараҷа дар роҳи мубориза бо COVID-19 муҳим мебошад, ирсол намуд. Дар замоне, ки худи ин диёрро офати ҷонкоҳ фаро гирифтааст, ба ҳамсоякишвари худ дасти мадад дароз карда тавонистан воқеан амали шоистаи таҳсин мебошад.

Амри тақдир аст, ки дар ин вазъияти ҳассос кишвари Ӯзбекистонро сарварӣ тадбирписанду хирадманд, дурандешу закӣ Шавкат Мирзиёев роҳбари намуда, тамоми донишу неруи хешро барои муқовимат бо густариши COVID-19 сарф менамояд. Аз дурандешии ин сиёсатмадор тоҷикистониён аллакай дар давраи аввали ҳукуматдории ӯ огоҳӣ пайдо карда буданд. Зеро Шавкат Мирзиёев дар якҷоягӣ бо Пешвои миллати мо муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои ду кишвари дӯсту бародар саҳифаи нави таърих, ки асоси онро ҳамкориву равобит ташкил менамояд боз намуданд. Аз ҳамон рӯз инҷониб, хурсандии шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳадду канор надорад. Таърих ҳам собит намуд, ки пояҳои дӯстии кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон устувору побарҷост ва то абад бегазанд хоҳад буд.

Изҳороти кафедраи забони тоҷики ДДҲБСТ

You might also like