Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ!
Яке аз мушкилоти асосие, ки имрўз роҳбарияти тамоми кишварҳо ва алалхусус Ҳукумати Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ, масъалаи терроризм ва экстремизм дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки имрӯз ин масъала ба нуқтаи охарини худ расидааст, яъне ягон давлате, миллате, ки аз терроризм ва экстремизм ҷабр надида бошад мавҷуд нест. Экстремизм ин пахши ҳамон як ғояи номатлуб канори ба мафкураи ҷомеа, рўҳия, ахлоқ, идеология, инчунин мутташанниҷ гардонидани муносибати байни гурўҳҳои иҷтимоӣ мебошад.
Терроризм-ҳодисаи мураккаби иҷтимоӣ–сиёсӣ ва нуқтаи ҳадӣ охири ин ё он талобот, ки он мутобиқ ба меъёрҳои инсонӣ нест. Он ҳодисаи криминалӣ буда, шакли рушди зиддиятҳое, ки дар байни як давлат ё худ байни давлатҳо дар ҷараёни рушди он ба вуқўъ меояд.
Терроризм таҳдид ё худ хатари зиёд лидерҳои сиёсӣ, шахсиятҳое, ки барои ҳаллу фасли зиндагии ҷомеа мавқеи махсус доранд, ба ҷамъият, давлат хатари ҷиддӣ дорад. Имрўз терроризм ва экстремизм хамчун вабои аср ба амнияти ҷањон ва њар як сокини сайёра тањдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоњи ядроиро ба миён овардааст. Яке аз ҳамин гуна фаъолиятҳо ин ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” мебошад, ки иттиҳоди террористӣ ва экстремистӣ эътироф шуда фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст. Роҳбарияти ин созмони ҷиноӣ худро ҳамчун мусича бе гуноҳ вонамуд карда, нисбати сиёсати кунунии давлат савту садоҳои беасосро паҳн менамоянд.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эњтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Ҷомеаи мо низ бояд дар қатори мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар роҳи мубориза бар зидди ифротгароӣ дар сафи пеш истад.
Умарова С. – сармуаллимаи кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ