Халқро ба таҳлука наандозед!
Пас аз шиносоӣ бо мусоҳибаи иғвоангези роҳбари ПМТ Муҳиддин Кабирӣ роҷеъ ба гўё паҳн шудани бемории сироятӣ дар қаламрави мамлакат гуфтанӣ ҳастам.
Дар вазъияти имрўза, ки ин беморӣ дар аксари давлатҳои ҷаҳон паҳн гардидааст, аз кулли аҳолии ҷаҳон дўстӣ, рафоқат ва муттаҳидиро талаб мекунад. Дар ин рўзҳо, ки ҳама дар фикри ҳифзи саломатии худ ва наздикону пайвандон аст, як қабил шахсон, аз қабили М.Кабирӣ ва пайравонаш бо паҳн намудани хабарҳои бардурўғ байни мардум машғул буда, фазои иттилоотии кившарро вайрон намуда, дар байни аҳолӣ тарсу ҳарос, воҳимаю таҳлукаро паҳн карда истодаанд. Пас аз хурўши ин беморӣ дар давлатҳои ҳамсоя Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирӣ аз ин маризӣ андешида, тамоми чораҳои заруриро барои ворид нагардидани ин бемории сироятӣ ба марзи мамлакат роҳандозӣ намудаанд. Ҳамарўза тариқи оинаи нилгун баномаҳои махсус ҷиҳатии пешгирӣ намудани паҳншавии ин беморӣ ташкил ва баргузор шуда истодааст, ки дар рафти ин барномаҳо мутахассисон ба аҳолии кишвар тамоми дастуру тавсияҳои лозимиро дода истодаанд.
Ба гуфти табиб ва файласуфи асри миёна Абўалӣ ибни Сино “таҳлука – нисфи беморист, оромӣ – нисфи саломатист, сабр – оғози шифоёбист”.
Саидҷонов С.Ш. – cармуаллими кафедраи
баҳисобгирии бухгалтери ДДҲБСТ