Лошахурони наҳзатӣ!

Бо ҳидояти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти қишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Точикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, хукуки инсон ва шаҳрванд ба масоли арзишҳои аслии башарӣ ва бо ҳадафи демократисозии чомеа ва бунёди давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳилаи тозаи конунгузориро дар қаламрави кишвари хеш асос гузошт.

Суханони хоинони миллат ба мисоли Сайидюнуси Истаравшанӣ, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар лошахурони наҳзатӣ касро ба ҳайрат меоварад. Имруз мо хамчун як шахрванд шукронаи тинҷиву оромӣ, шукронаи сохибистиқлолии   ватани  азиз ва бихиштосоямон Точикистон мекунем. Давлат дар доираи Конститутсияи амалкунанда ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии қабул намудаи худ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳимоя ва риоя менмояд. Ҳуқуқ ба озодӣ барои тамоми шаҳрвадони мамлакат дастрас аст. Дар мадди аввал дар ҷомеаи мо инвон ва арзишҳои олии ӯ меистад. Аммо барои нотавонбинон ин ҳама ранги афсонае аст. Имруз сокинони дунё таҷрибаи  давлати моро дар ҷодаи амалисозии модели нави рушд ва фароҳам овардани фазои муосид барои ҳамаи дину мазҳабҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додаанд.

Ба лошахурони наҳзату паймон рӯй оварда гуфтанием, ки агар ин ашхос ватандору  ватандӯст мебуданду шири сафеди модарро эхтиром мекарданд, нисбати халқу ватану модари худ ин қадар хиёнатхои зиёд намекарданд. Хиёнати ба ватану модар қардаи онхоро ягон фарди солимақли чомеа намебахшад.  Ҳамаи мо вазифа дорем, ки бо шукронаи  соҳибватаниву соҳибдавлатӣ  ва сулҳу оромии  кишвар, ба хотири фардои неку  ободии  Ватанамон  ҳарчи бештар  заҳмат кашида, Тоҷикистони  маҳбубамонро  боз ҳам ободу  зебо гардонем.

Дадобоева Р.С. – сармуаллимаи 

кафедраи забони русии ДДҲБСТ

You might also like