Изҳоротои устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ

Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ ба суханҳои Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон зимни сӯҳбат дар як пахши мустақими қатъиян рози нестем.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ барои пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дида шуда истодааст. Дар ҳолати баррасии ин масъала аз тарафи Хукумати Тоҷикистон масъалаҳои иқтисодию иҷтимои ҳаматарафа таҳлил шуда истодаанд.

Ҳама маълумотҳои Муҳиддин Кабирӣ ягон асосӣ тасдиқ шуда надоранд. Дар Тоҷикистон бемории короновирус расман ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, лек шумораи он ниҳоят кам аст. Давлат тамоми имкониятҳои мавҷудаи худро баҳри пешгирии ин вабои аср равона намудааст.

Мо устодони кафедра ҳаматарафа сиёсати хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоем. Ва ба тамоми хоинон иброз медорем, ки бас кунед сиёҳкории худро!

Аҳли устодони кафедраи

назарияи иқтисодии ДДҲБСТ

You might also like