Фитнаи навбатии наҳзатиён
Ниқоби нави Ҳизби наҳзати исломӣ ин «Паймони миллии Тоҷикистон» мебошад, ки дар ҳайати 15 нафар собиқ аъзоёни наҳзат созмон доданд.
Таъсиси Паймони миллии мухолифини кишвар дар он аст, ки мардумро бо дасисаву ниятҳои нопоку хоинона, ғасбу аз худ намудани арзишҳои миллии як миллат фирефта, бо нигориши хостори Истиқлолияти таърихии худ ҳамчун ватандӯсти асили ин марзу бум баромад кунанд, дар назди хоҷагони хориҷии худ миллатдӯстию адолатпешагӣ, содиқ ба ин марзу бум буданро нишон диҳанд ва он гуна рафтор мекунанд, ки гӯё Паймони миллиро ба миллати тоҷик хизмат мекунанд. Ин Паймон бо маблағгузории хоҷагони хориҷӣ таъсис дода шуд.
Роҳбарияти наҳзат ният дорад, ки дар заминаи ташкили эътилофи дигарбораи гурӯҳҳои оппозитсионии тоҷик, яъне “Паймони миллии Тоҷикистон” сояи худро аз буда бузургтар ҷилва диҳад ва дар баробари зери бол гирифтани ин нерӯҳо баландпарвозӣ кунад, аммо воқеият куллан чизи дигареро ба намоиш мегузорад.
ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳҳои дигари ҳаммаслаки он аз қабили чунин ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.
Ҳар як гурӯҳу созмоне, ки гароиш ба ин эътилоф дорад, бояд донад, ки ТЭТ ҲНИ ҳеҷ гоҳ барои татбиқи сохтори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва махсусан дунявӣ дар Тоҷикистон, ки дар «Паймон» ҳамчун ҳадафи аввалин омадааст, майл надорад ва ҳамоно ҳадафи аслӣ ва ниҳоии он дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани ҳукумати исломии шабеҳи «Вилояти фақеҳ», ДОИШ ва Толибони Афғонистон мебошад. Ин ниқоббандиҳо ва гаштҳои сиёсии маккорона танҳо саҳнабозиест, ки барои ба мазҳаби ғайр гаравидагон дар шакли «тақия» иҷозат медиҳад, ҳадафҳои аслии худро пинҳон доранд ва то расидан ба онҳо ҳар қадаре ки мехоҳанд, дурӯғ гӯянд.
Қаюмов Ф.Ғ. – н.и.и., дотсент, мудири кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ