Овозаҳои бардурӯғи короновирус

Паймони миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳимоя аз коронавирус якчанд номгўи чорабиниҳоро тартиб дода ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Бояд қайд кард, ки дар он бӯи бади мухолифин меояд. Бинобар ин ПМТ мехоҳад бо баҳонаи коронавирус ҷонибдорони худро, ки бо ҷурми содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҳабсхонаҳо озод намоянд.

Бояд қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ баҳри пешгирӣ аз коронавирус номгўи чорабиниҳо тартиб дода роҳандозӣ гардида истодааст. Аз он ҷумла парвозхои тайёраҳо аз фурудгоҳҳо байни давлатҳои беруна қатъ карда шуд.

Бояд зикр кард, ки ҳоло дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.  Аммо новобаста аз он дар ҷумҳурӣ корҳои муайяни фаҳмондадиҳӣ ва ташкилӣ гузаронида шуда истодааст.

Мақсади асосии пешниҳоди ПМТ аз вазъият истифода намуда мақсадҳои худро амалӣ гардонидан мебошад. Аз дигар ПМТ мехоҳад худро ҳамчун дилсўзу ғамхори миллат нишон дода ҷонибдорони худро зиёд намудан мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати пешгирифтани ин беморӣ новобаста аз сохторҳои дахлдори давлати ҳамаи сокинони кишварро барои эҳтиёт кардан ва эмин мондани саломатии худ кӯшиши карда истодааст. Бо вуҷуди он баъзе хабарҳои бардуруғ,  ки гӯё ин бемора дар Тоҷикистон низ мавҷуд аст аз тарафи фитнаангезон паҳн шуда истодааст. Лекин шоми гузашта аз хабарҳои расмӣ, ки аз тарафи шабакаҳои телевизионӣ маълум гашт дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи ба ин бемори вобастшуда ба қайд гирифта нашудааст. Яъне хабари иғвоангезӣ наҳзат мардуми моро ба роҳгуми бурда мерасонад. Вақте, ин инсон ба дудилаги роҳ медиҳад ба ваҳм ва ҳаросҳои беасос рӯ ба рӯ мешавад. Бо ибтикори роҳбарияти олии давлат нафарони аз хориҷа баргашта омада ба карантин фаро гирифта буданд ва 400 нафар сокинони вилояти Суғд, ки аксарият зодагони ноҳияи наздисарҳадии Ҷаббор Расулов мебошанд ба хонаҳояш ҷавоб дода шуд. Ташхиси кормандони тандурустӣ муайян намуд, ки дар бадани онҳо нишонаи бемории сироятии короновирус мавҷуд набуда, ҳама сиҳату саломат ҳастанд.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

 кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like