Воҳимаҳои беасос!

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии сироятёбии аҳолӣ  аз  коронавирус  ба пешниҳоду таклифҳои бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон», ки ҳеҷ гоҳ дар фикру ғамхории халқи Тоҷикистон набуданд  ниёзе надорад.

Бе ишора аз ҷониби бо ном «Паймони миллии Тоҷикистон» роҳбарияти мамлакат баҳри пешгирии паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон чораҳои қатъӣ ва саривақтиро андешида истодаанд, ки натиҷаҳои босамари онро мо мушоҳида менамоем.

Ҳануз 18 марти соли 2020, мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID — 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд. Роҳбарии ситод ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода вогузор шудааст.

Тибқи банди дигари Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати ситоди ҷумҳуриявӣ, ки ба он роҳбарони тамоми вазорату идораҳои кишвар, Котиби Шӯрои амният, Прокурори генералӣ, роҳбарони  воҳидҳои сохтории  дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарони «Барқи Тоҷик», «Тоҷикматлубот» ва Донишгоҳи тиббии мамлакат тасдиқ гардид.

Сарвари давлат ба ситоди ҷумҳуриявӣ дастур доданд, ки нақшаи чорабиниҳоро оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси нав таҳия ва тасдиқ карда, иҷрои онро таъмин намояд.

Ин ҳама чораҳои андешидашудаи Ҳукумати мамлакат дар пешгирии паҳншавии коронавирус натиҷабахш расониданд ва то ин лаҳза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз ин вирус бақайд гирифта нашудааст.

Вобаста ба ҳолати шахсони дар карантин қарордошта бояд қайд кард, ки дар шароити муносиби табобат қарор доранд.

Аз 1  феврал то 25 марти соли равон 5460  нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин  фаро гирифта шуданд. Дар миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда 107 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Масъалаи пешгирии сирояти коронавирус танҳо вазифаи соҳаи тандурустии мамлакат набуда, балки саҳми дигар сохторҳои давлатиро низ тақозо менамояд. Қобили зикр аст, ки то имрӯз, 26 апрел соли равон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо новобаста ба ин, чораҳои пешгирикунандаи он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Бо назардошти вазъияти ҷойдошта  аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорем, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар нанамоянд.

Латипов С.У. – ассистенти кафедраи

ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like