Кабирӣ агар худ инсон мебуд…
Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии коронавирус 10 пешниҳод ироа намудааст, ки онҳо ба манфиати наҳзат равона мебошанд. Масалан, аз хориҷ баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон хатари паҳн гардидани коронавирусро ба қаламрави Тоҷикистон меафзояд.
Дуюм, ҳукумати Тоҷикистон барои касони ба карантин қарор гирифта шуда шароити хуб муҳайё сохтааст. Сеюм, дар қаламрави кишвар ҷамъомадҳо, ҷашнвораҳо ва маросимҳои серодам таҳти назорати ҷиддии ҳукумат қарор дода шудааст. Чаҳорум, озод кардани маҳбусон ба мақсад мувофиқ намебошад. Дар сурати озод намудани онҳо хатари дигаре ба ҷомеа таҳдид мекунад, он сабаби муташанниҷ шудан вазъи сиёсиву равонии кишвар мегардад. Панҷум, фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ бевосита ва амнияти иттилоотии кишвар таъсири ҷиддӣ доранд. Беҳтар он аст, ки ҳукумат ин бахшро таҳти назорати худ бигирад. Шашум, пеш аз пода чанг нашояд. Зеро дар ҳоле, ки дар қаламрави Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, манъ кардани бозору нақлиёт ва муассисаҳои таълимӣ ба мақсад мувофиқ намебошад. Ҳафтум, тибқи дастури Пешвои миллат дар се соли охир мониторинги корхонаҳову ширкатҳои навтаъсис ва соҳибкорони навкор ба роҳ монда намешаванд.
Тоҷикистон воқеан кишваре мебошанд, ки дар қаламрави онҳо коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон ташхису назоратӣ ба қаламрави кишвар воридшавандагонро таҳти мониторинги ҷиддӣ қарор дода, аз 20-уми марти соли ҷорӣ парвозҳои байналмилалиро муваққатан қатъ намудааст. Воқеан, чораҳои андешидашудаи Тоҷикистон ба он равона карда шудааст, ки хатари коронавирус пешгирӣ гардад.
Мутаассифона Кабирӣ аз хориҷи мамлакат истода мардумро ба таҳлука водор менамояд. Гӯё, ки дар Тоҷикистон бемории мазкур бошаду давлат онро пинҳон мекунад. Лек дар Ватани мо ягон нишона аз бемории короновирус мавҷуд нест. Агар Кабирӣ дилаш ба халқу миллат месухт он моликияте, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ба даст оварда буд, барои манфиати халқ равона менамуд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. 400 нафар сокинони вилоят, ки ба карантин фаро гирифта шуда буданд, рӯзи гузашта ҷавоб дода шуд. Хушбахтона дар вилояти мо ва Ватани азизамон нишони ин вабои одамият мавҷуд нест. Мардум озод аз паи кору бор ҳастанд. Муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ фаъолияти худро дар асоси реҷаи муқаррарӣ ба роҳ мондаанд. Хабару гузориши душманони миллат ва сомонаҳои иттилоърасон асоси воқеӣ надорад.
Қобилова С.Я. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲСБТ