Кабирӣ худаш короновирус аст!

Дар бисёр ҳолатҳо баъди мутоилаи рӯзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернет афсӯс мехӯрам, ки дар ҷамъияти инсонӣ шахсоне, ҳастанд ҳама вақт халалдор ва рушди ин ё он кишварро чашми дид надоранд.

Дар бораи миллату халқ ва навиштӣ  Кабирӣ дар сомона ба нашр расидааст хондам ва ба додаи ин шахс ангушти ҳайрат газидам. Мақсади нопоки инхел душманони миллат ва давлат буд, ки дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ панҷ сол давом ёфт. Мақсади нопоки душманон буд, ки иқтисодиёти кишвар якчанд солҳо қафо монд. Чӣ қадар кӯдакон ятим, падару модарон бе фарзанд ва шаҳрвандон бе хонаву дар монданд.

Дар ҳақиқат шахси гунаҳкор дар назди қонун ҷавоб диҳад, бевосита аз он, ки ин шахс дар куҷо истиқомат мекунад.

Кабирӣ аз ҳамин шахсон, ки берун аз Ватан истиқомат мекунад ва ободӣ ва осоиштагии халқи тоҷикро чашми дид надорад.

Мардуми азият кашидаи тоҷик аллакай рӯзҳои вазнинро паси сар кардааст ва барои ояндаи дурахшон дар интихобот овози худро додаанд.

Дар охир қайд намуданиам, ки мо набояд ба фикру мулоҳизаҳои душманони миллат диққат диҳем, балки ба сӯи ободиву созмонкорӣ ҳаракат намоем, яъне Тоҷикистон ба пеш.

Дар мамлакат ягон щолати пайдо шудан ва ё аз бемории короновирус фавтидани шаҳрвадони ба қайд гирифта нашудааст. Агар ба забони оддӣ гап занем инсон худ мавҷудоти мурандааст. Ҳама дар ин руи олам вафот мекунад. Абадӣ ягон мавҷудот дар ин Замин боқӣ намемонад. Аммо аз гузаштани беморон бо иллатҳои гуногун дар беморхонаҳои н.Ҷ.Расулов, “Якум советский”-и шаҳри Душанбе, шаҳри Бохтар ва ноҳияи Шаҳристон душманон очко гирифтанӣ шуда, тамғаи коронвирусро часпонида истодаанд. Қабл аз пайдо шудани ин беморӣ дар рӯи олам инсоният аз бемориҳои дилу гурда, фишорбаландӣ, диабети қанд, майхурӣ, сигоркашӣ, илтиҳоби шуш (пневмония), инсулт, инфарк, наркологӣ ва амсоли инҳо ҷон ба ҷонофарин месупоранд. Аммо хоинони миллат дар рузи вазнинии бархе аз ҳамватанони мо ба ҷои дастгириву суханҳои нек гуфтан, баръакс нисбати маййит ва нафари бемор суханҳои дуруғин мезананд.

Дадоматов Д.Н. – н.и.и., дотсен, мудири

кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like