Пеш аз туй нағора назанед, ҷаноби Кабирӣ!

Имрўз вазъияти ҷаҳон ба ҳама маълум аст  СOVID-19 қисми зиёди давлатҳои дунёро фаро гирифтааст. Чанд давлате бошумор мондааст, ки дар он ҷо ҳоло короновирус нарасидааст. Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин вабои аср эмин мондааст. Аммо душманони давлату миллат ба мисоли Кабирӣ аз хориҷи мамлакат истода Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе асос муттаҳам ва гунаҳкор ҳисобида, сару садоҳои ифротиро нисбати вазъи дохилии мамлакат мебарорад.

Давлати Тоҷикистон низ узви ҷомеаи башарӣ маҳсуб меёбад. Ин бадбахтие, ки тамоми башарро фаро гирифтааст, ягон тоҷику тоҷикистониро бетараф намегузорад. Чунки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми кишварҳои дунё наздик 1 миллион муҳоҷирон кор ва зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин тақдири онҳо ягон тоҷикистониро бетараф намегузорад.

Барои пешгирӣ аз ҷониби ҳукумат тамоми чораҳодида шуда истодааст. Аз моҳҳои декабр – январ Ҷумҳурии Тоҷикистон равобиташро бо давлати Чин қатъ карда буд ва тамоми мусофироне, ки аз кишварҳои дуру наздик меомаданд дар карантин нигоҳ медошт. Шояд ҳамин пешгирӣ ва эҳтиёткории давлат буд, ки короновирус ба кишвари мо роҳ наёфтааст. Барои дар оянда роҳ наёфтани ин вирус ҳар шаҳрванд низмасъул мебошад. Чунки беэҳтиётии як нафар метавонад чандин касро гирифтор созад.

Дар ин вазъияти ҳассос, ки ҳар соат аз вазъияти дунё ба воситаи интернет хабар расида истодааст як хабари нодуруст метавонад ба руҳияи мардум таъсири манфӣ расонад. Чуноне ки хабари марги одамони бемор, ки бо илтиҳоби шуш ва ё бемориҳои дилу гурда бо тақдири илоҳӣ ҷонро ба ҷонофар супоридаанд доираҳои муйян онро ба бемории “короновирус” рабт медиҳанд. Гарчанде аз ҷониби СҶТ набудани беморӣ дар Тоҷикистон расман иттиллоъ гирифтаанд. Хушбахтона 400 нафар сокинони н.Ҷ.Расулови вилояти Суғд, ки  ба гумони доштани бемориҳои сироятӣ ба карантин гирифта шуда буданд, пурра ба хонаҳои худ сиҳату саломат ҷавоб дода шуданд. Ташхисҳои дурусти кормандони Раёсати тандурустӣ муайян намуд, ки нишонаи бемории ба ном “короновирус” дар онҳо дида намешад.

Радиои озодӣ бо хабари шуми худ, ки гўё дар санаи 05-уми апрел 11 нафар табибоне, ки он мардро табобат кардаанд ва оилаи он мард бо табъи баланд ва гулудард ба беморхона бистарӣ карда шудаанд, вале санҷиши онҳо ба короновирус гирифтор шудани онҳоро тасдиқ накардааст.

Мухбирони сомонаҳои хабаррасонро зурур аст, ки  аз рўи виҷдон амал намоянд, воқеаро хуб санҷида баъд нависанд. Мутаассифона бисёр хабарҳои Радиои Озодӣ ва Ахбор.ком муғризона ва хусусияти иғвоангезӣ дошта вазъиятро ноором месозад. Ҳамингуна мухбирони бевиҷдону беимон дар Паём.нет низ кор мекунанд.

Шукр, ки аз ҷониби давлат барои пешгирӣ аз короновирустамоми чораҳо дида дида шудаистодааст. Ситоди ҷумҳуриявӣ бо роҳбарии Қоҳир Расулзода шабурўз амал мекунад. Шахсони аз берун ворид шуда дар карантин нигоҳ дошта мешаванд. Тамоми мардум аз чораҳои пешгирӣ аз короновирус огоҳ ҳастанд ва талаботи тозагиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, мактабу донишгоҳҳо риоя карда истодаанд.

Турдиматова П.М. – сармуаллимаи

кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

You might also like