Изҳоротои устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ нисбати аз карантин сиҳату саломат рафтани 400 нафар сокинони вилоят
Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ ба хабари бардурӯғи сомонаи “Ozodi.org” оиди фавтидани як марди 60-сола дар бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бо нишонаҳои эҳтимолии коронавирус бистарӣ шудани 400 нафар табибу парастор ва сокинони ноҳия ва ин бемористон таҳти карантини пурра қарор гирифта шудааст, эътирози қатъӣ баён менамоем.
Тибқи иттилои расмии Ҳоҷибоев Маъруфҷон, муовини сардори раёсати тандурустии вилоят ягон ҳолати гирифтории сокинони вилоят аз ҷумла сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Рузи гузашта бо қарори вижаи Ситоди ҷумҳуривии оид ба пешгирӣ аз паҳншавии короновирус аз 27 апрел то 10 майи соли ҷорӣ муассиаҳои таълимӣ ва литсею коллеҷҳои таълимӣ ба таътилӣ баҳорона фиристонида шуданд. Ин ҳама қабули қарори безараргардонии ҷойҳи ҷамъиятӣ ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон равона гардидааст.
Аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки ба ҳар гуна хабарҳои бардурӯг бовар накунанд. Ин хабарҳои нодуруст ба вайрон кардани ҳолати сиёсию иҷтимоию иқтисодии мамлакат равона карда шудааст.
Аҳли устодони кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ