Фавтидани мардум бо сироятёбии коронавирус ягон асоси воқеӣ надорад!

Имрӯз ҳолатҳои сирояти коронавирус тақрибан дар ҳамаи кишвари олам дида мешаванд. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) авҷ гирифтани бемории мазкурро чун ҳолати фавқулодаи дорои аҳамияти байналмилалӣ эътироф намудааст. Бо мақсади пешгирӣ аз коронавирус Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бо ҷалби доираи васеи коршиносон тавсияҳо ва пешниҳодҳои худро таҳия намуда тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити ахбори омма паҳн карда истодаанд.

Тоҷикистон баъди мавридҳои сироят дар кишварҳои ҳамсоя марзҳо ва фазои худро баст ва шаҳрвандони воридшударо, тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ба карантини 14 рӯза ва 21 руза гирифта истодааст, то аз паҳншавӣ ва пайдоиши беморӣ пешгирӣ шавад.

Фавтидани марди 60-сола дар бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва чандин нафарони дигар дар беморхонаҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз қабили Душанбе, Шаҳристон, Бохтар асоси сироятёбии коронавирусро надошта, ташхиси ду маротиба гузаронида шуда муайян намудааст.

Радиои озодӣ дар расонаи хеш намудааст, ки гӯё фавтидагон гирифтори коронавирус будаанд ва дар муддати кӯтоҳтарин мардумро ба таҳлука андохтанд. Гурӯҳи муайяни мақсадашон ғаразнок бошад давлатро заиф арзёбӣ намудаанд.

Инчунин муовини сардухтури беморхона ва табибони дигар, ки ба карантин фаро гирифта буданд, танҳо бо мақсади ҳифзи саломатии миллат аст. Он овозаҳои бардуруғе, ки дар шабакаи иҷтимоӣ паҳн шуданд ягон асоси амиқи ташхисӣ надоранд.

Муовини сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов Алишер Абдукаримов, ки дар беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд дар карантин қарор дошт, баромад намуда аз вазъи саломатиаш хуб арёбӣ кард ва қайд намуд, ки он овозаҳо нисбати ӯ аз бад будани саломатиш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст бардуруғ мебошад. Хушбахтона рузи гузашта 400 нафар шаҳрвадони ноҳияи мазкур аз карантин ҳамроҳи муовини сардухтури беморхонаи марказии ноҳия рухсат дода шуд. Дар бадани онҳо ягон зарра аз бемории короновирус муайян нагардид.

Коронавирус тамоми давлатҳои абарқудрат ва ҳатто ҳамсоя давлатҳои моро фаро гирифтааст. Шукронаи парвардигор менамоем, ки ба марзи ҷумҳурии азизу маҳбубамон наомадааст. Ҳамарӯза сайёраи инсониро ҳазорҳо нафар, ки ҷисми солим доранд тарк карда истодааст.

Аз ин рӯ аз мардуми сарбаланди миллати тоҷик даъват менамоем, ки фирефтаи ҳар гуна овозаҳои бардурӯғу иғвоангез нашавед ва аз даргоҳи Яздони пок тани нерӯманд ҷисми солим, пояндагии сулҳу ваҳдатро талаб намоед.

Мирсаидов С. – н.и.и., дотсент, мудири

 кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like