Пешгирӣ беҳ аз табобат

Оид ба вафоти беморе, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба миён омад, ин як ҳолате мебошад, ки ӯ бемории “пневмония”-и дутарафа дошт ва ин бемори бо вируси “Covid-19” ягон алоқамандӣ надорад. Аз расонаҳои хабарӣ оид ба чи тавр гирифтор шудани ин бемор маълумот доданд ва аз он бармеояд, ки хавфи паҳншавии ин вирус ба назар намерасад, барои ҳамин, ба ҳар хел овозаҳо набояд гӯш андохт ва мардумро ба таҳлука набояд андохт.

Давлат ғамхори аҳолии худаш мебошад ва барои ин чорабиниҳои эҳтиёткунии аҳолӣ дар мамлакат идома дорад. Тавсияҳо ва ахборотҳои оид ба пешгирии ин вирусро бояд дуруст дарк ва онро риоя намуд. Чорабиниҳои пешгирӣ ин, пӯшидани ниқоб, шустани дастон бо собун ва маҳлули антисептикӣ, дохили биноро бо маҳлули хлордор шустан ва ғайраҳоро ҳатман бояд риоя кард, ки барои гирифтор нашудан ба ин беморӣ кӯмак мекунад.

Айни замон дар мамлакат ягон ҳолати гирифторӣ бо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои шадиди эҳтиётӣ роҳандозӣ шуда истодаанд, ки пешгирӣ беҳ аз табобат аст.

Имрӯз таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистион, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории мазкур баргузор гардид. Дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то  10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад.

Ҳамчунин, тибқи қарори  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус  бо назардошти вазъияти мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ муваққатан аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содирот кардани ҳамагуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгиҳо, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ карда шавад.

Ин ҳама аз таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии мамлакат махсусан Пешвои миллат нисбати сокинону шаҳрвадони мамлакат дарак медиҳад. Аммо Кабирии хоин баъди эълони Ситод дар шабакаи иҷтимоӣ аз худ қаҳрамонсозӣ карда бо ибораи гӯё, ки давлату вазорти тандурустӣ бояд назди қонун ҷавоб гуянд баромад намуд.

Ин ҳама аз амалҳои хоинонаи наҳзатиён аст, ки на чашми дидани давлати мо ва на таътили муассисаҳои таълимиро доранд. Давлат созад ҳам гунаҳкор ва насозад ҳам гунаҳкор аст.

Абдуллоев М.М.  – сармуаллими

кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like