400 нафар аз карантин сиҳату саломат ҷавоб дода шуд!
Дар замони муосир ҷаҳон ба як қатор проблемаҳои глобалӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ки онҳо ба ояндаи инсоният хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои ташвишоваре, ки кулли мардуми сайёраро ба ваҳм овардааст, паҳншавии вируси нав, ки чун коронавирус (COVID-19) маълум гаштааст.
Мувофиқи маълумотҳои расонаҳои хабарӣ имрӯз дар 180 мамлакати ҷаҳон ҳолати гирифтор шудани мардум ба ин намуди беморӣ расман ба қайд гирифта шудааст. Айни замон ИМА, Италия, Испания, Хитой, Германия давлатҳое ҳастанд, ки дар ҳудудашон шумораи аз ҳама зиёди гирифторони бемории коронавирус расман ба қайд гирифта шудааст. Ҳамагон воқифанд, ки ин мамлакатҳои номбурда ба сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон шомил ҳастанд ва дар соҳаи тандурустӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Вале, зиёд шудани сафи гирифторони бемории коронавирус ва афзудани ҳолатҳои фавт дар ин мамлакатҳо бори дигар собит сохт, ки ҳеҷ ягон давлати дунё барои мубориза бар зидди ин гуна вирус омода набуд. Аз ин лиҳоз, ҳолати баамаломада бори дигар аз давлатҳои ҷаҳон тақозо мекунад, ки бар зидди коронавирус муборизаи шадид ва дастаҷамъона бурда шавад.
Бояд зикр намуд, ки айни замон аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон бо ин бемории ваҳмангез мубориза бурда истодаанд ва кам андар кам кишварҳое боқӣ мондаанд, ки ин вабо ба он ҷо нарасида бошад. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз он кишварҳоест, ки имрӯз дар ҳудудаш ягон ҳолати гирифтории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ тавассути расонаҳои хабарӣ расман набудани коронавирусро дар Тоҷикистон тасдиқ кардааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланд имрӯз баҳри пешгирии бемории коронавирус тамоми чораҳои заруриро андешидааст, ки онро дар набудани ин беморӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ шабоҳат додан мумкин мебошад. Мутаассифона, ҳастанд ҳолатҳое, ки мардумро ба тахлуқа андохта сару садоҳои беасосро ба миён овардааст. Расонаи иттилоотии интернетии Радиои Озодӣ дар иттилои охирони худ бобати аз эҳтимол дур набудани гирифтори бемории коронавирус дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони тамоми мамлакатро ба ташвиш овард. Бояд тазаккур дошт, ки мардумро бояд ба тахлуқа ва ваҳму воҳима андохтан ба манфиати халқу миллат набуда, метавонад боиси дигар руйдодҳои нохуш гардад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вобаста ба вазъи эпидемиологии вилояти Суғд сардори Раёсати тандурустӣ Фаррух Мақсудзода ва мудири шӯъбаи эпидемиологияи вилояти Суғд Рустам Собиров иттилоъ доданд, ки вазъи эпидемиологӣ дар вилоят муътадил буда, ҳолати онҳое, ки дар муассисаҳои тандурустии вилоят дар карантин қарор доранд, мусбӣ мебошад. Ҳарчанд ки дар миёни бистаришудагон нафарони бо ҳарорати баланд низ дарёфт карда шудааст, вале ташхис нишон дод, ки дар онҳо нишонаҳои сироятёбии коронавирус дида намешавад. 400 нафар сокинони вилоят, ки ба карантин фаро гирифта шуда буданд, рӯзи гузашта ҷавоб дода шуд. Хушбахтона дар вилояти мо ва Ватани азизамон нишони ин вабои одамият мавҷуд нест. Мардум озод аз паи кору бор ҳастанд. Муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ фаъолияти худро дар асоси реҷаи муқаррарӣ ба роҳ мондаанд. Хабару гузориши душманони миллат ва сомонаҳои иттиллоъ расон асоси воқеӣ надорад.
Абдувоҳидов М. Р. – коргузори кафедраи
ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ