Тадбирҳои ҷадиду устувор

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди кишвари азизамон мақоми хоса дорад. Зеро ин мақомоти қонунгузори кишвар бо истифода аз салоҳияти конститутсионии худ қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда, дар роҳи рушди низоми ҳуқуқии кишвар ва таҳкими қонуният саҳми назаррас мегузорад.

Бояд иброз намуд, ки 17 апрел Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд, яке аз Иқлосияҳои тақдирсоз мебошад.

Дар ин Иқлосия муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи аъзоёни Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Бо боварӣ метавон иброз намуд, ки таҳти роҳбарии Раиси тозаинтихоби муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо ва ноил шудан ба ҳадафҳои олии милливу давлатӣ дар баробари тадбирҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳарчи бештар таҳкиму тақвият додани заминаҳои қонунгузорӣ аз қониби Маҷлиси миллӣ корҳои зарурӣ анқом меёбанд.

Изҳороти Исматов Х. – ассистенти

кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

You might also like