Ҷавонон нерӯи созанда

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар даъвати аввали Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии мамлакат чунин баён намуданд: “… Маҷлиси миллӣ ин мақоми олӣ, ки ин намояндагӣ ва қонунгузории кишвар бо салоҳияти конститутсионии худ қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда, дар роҳи рушди низоми ҳуқуқии кишвар ва таҳкими қонуният саҳми назаррас мегузорад …“.

Баъд аз интихоби Раис Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон  муҳтарам  Рустами Эмомалӣ Сарвари кишвар суханронӣ намуданд.

Дар ҳақиқат бояд қайд намуд, ки имрӯз дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷамъият ва махсусан давлат мебошад.  Аз интихоб шудани мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ин мақоми воло ман ҳамчун шаҳрванди зиёии кишвар бо бовари том гуфта метавонам, ки ин шахс бо сафарбар намудани нерӯи зеҳнӣ ва донишу таҷрибаи худ дар рушди низоми қонунгузорӣ ва боз баландтар намудани сифати қонунҳо, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлат ва ҷомеаи нақши худро мегузоранд. Чунки мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ аллакай дар якчанд мақомот бо таҷрибаи бойи худ нишон доданд, ки рушди кишвар аз шахсони оқилу зирак, ватандӯсту дилсӯз вобастагии калон дорад.

Аз рафтору кордонии ин шахси наҷиб гуфтан ҷоиз аст, ки бисёртар ҳадафҳои давлатӣ ва стратегияи рушди кишварро сармашқи фаъолият худ пеша гирифта барои ноил гаштан ба ҳадафи чоруми кишвар, яъне саноатикунонии босуръат чораҳои қатъи бурда истодаанд (ба монанди минтақаи саноатии ш. Душанбе).

Аз ҳамин лиҳоз ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барори кор ва комёбиҳои беназирро дар рушди кишвар ва муаррифии он дар миқёси ҷаҳон барор мехоҳам.

Дадоматов Д.Н. – н.и.и., дотсент, мудири

кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like