Вазифаи шаҳрвандӣ!

Аз таърих маълум аст, ки мардуми Тоҷикистон дорои фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ буда, пайваста бо урфу одатҳои нотакрори хеш дар олам шинохта шудааст. Имрузҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари соҳибихтиёр бо иқдомҳои фарогири ҳаёти инсонии худ дар сатҳи байналмилаӣ ҷои муайянро ишғол намуда ҳамчун кишвари сулҳпарвар шинохта шуд. Мо олимон ва устодони кушиш менамоем бо муттаҳиди ва сарҷамъии мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати устуворро бо амалишавии самтҳои стратегии мамлакат амалӣ намуда, беш аз ҳарвақта қувваи худро баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардум равона карда Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як давлати обод ва тарақиёфтаи ҷаҳон табдил диҳем.

Дар ин ҷода, вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ дар пешрафт ва инкишофи илму технологияи замонавӣ, устувор нигоҳ доштани амнияти сартосарии кишвар ба шумор меравад.

Ман дар давоми сол бо кори илмии худ ба шаҳри Душанбе бисёр сафари хизматии илмӣ мекунам. Хар вақти меравам ба шаҳри Душанбе рушду инкишофи он ба чашм мерасад ва шаҳр манзараи навро мегирад. Дар вақти, ки Рустами Эмомали раиси шаҳри Душанбе таъин гардид тасмим гирифт, пеш аз ҳама ба созандагии пойтахти азизамон – Душанбешаҳр ва барои ободу зебо ва пешрафта табдил додани пойтахти ватани маҳбубамон-шаҳри Душанбе тадбирҳои зиёди судманд андешиданд. Он чизи аён аст хоҷати баён нест. Имрӯзҳо шаҳри Душанбе чихел ободиҳо шудааст мо бо чашми худ мебинем ва эҳсос мекуем. Ин ободиҳо низ ба Рустами Эмомалӣ таълуқ дорад, бинобар ҳамин таъин гардидани Рустами Эмомалӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хизматҳои он шахс барои ободии ватананом ва хизматҳои бузургаш дар назди халқу меҳан мебошад. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад ва чун сиёсат мадори ҷавон эътироф мекунад.

Ман боварии комил дорам, ки Рустами Эмомалӣ барои рушди устувори ватани маҳбубамон -Тоҷикистон саҳмгузор буданд ва мешаванд. Ман итминони комил дорам, ки чун Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баҳри рушду инкишофи минбаъдаи давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарҷамъии ҳалқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии кишвар ва таъмини шароити зиндагии арзанда, инкишофи озодона ва рӯзгори пурнишоти халқҳои Тоҷикистон амри воқеӣ ва иқдоми басо наҷиб маҳсуб менамоянд.

Мо олимон ва омӯзгорон барои баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар бунёди ҷомеаи озод ва саҳмгузорӣ дар пешрафти иҷтимоии ҷомеа, махсусан ба итмомрасонии ислоҳоти соҳаи мактабу маориф бо назардошти арзишҳои умумибашарӣ дар асоси урфу одат, расму оин, ахлоқу одоб ва солимии ҷомеа якҷоя бо Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хизмат менамоем.

Ғоибназаров Ш.У.н.и.и, дотсенти

 кафедраи андоз ва андозбандӣ ДДҲБСТ

You might also like