Шахси арзанда ба роҳбарӣ
Мавқе ва мақоми ҷавонон дар кишварамон аҳамияти хосса дорад. Дар мақоматҳои роҳбарикунанда аксарият ҷавонон таъин шуданд ва фаъолият мебаранд. Интихоб шудани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи олӣ Раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз зоҳиршвии демократикунии ҷамъият ва эътибор ба ҷавонон мебошад. Қобили қайд аст, ки Рустами Эмомалӣ ба нисбати синну сол аллакай таҷрибаи кофӣ доранд, ки вазифаҳои масъултаринро бомуваффақият иҷро намуда, рисолати роҳбарӣро пайдо карданд.
Рушди мамлакат дар ҷаҳоншавӣ ба низоми қонунгузорӣ, боз ҳам беҳтар намудани сифати қонунҳо, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлат ва ҷомеа ро тақозо менамояд. Рустами Эмомалӣ ҳамқадами замон аст, дониши муосир, фарҳанги баланди сиёсӣ доранд, ки дар мактаби ва оилаи сиёсӣ таълиму тарбия гирифтаст. Аз ин лиҳоз ин шахсияти арзанда ба вазифаи мазкур мусоидат хоҳад кард. Алалхусус, дар вазифаи ҳокими шаҳри барои ободонӣ пойтахт корҳои назаррасро ба анҷом расонида, дар қалби халқ маҳбубияти самимиро ба вуҷуд овард. Дар қонунгузорӣ барои таҳкими иститиқлолият, рушди ҳамаи соҳаҳои ва сохтори ҷамъият ба қабули қонунҳои адолатона раис ва аъзои Маҷлиси миллии босалоҳият ниёз доранд. Бо итмони комил метавон гуфт, ки Рустами Эмомалӣ ҳамчун роҳабари болаёқат дар ҷодаи қонунгузорӣ шахсияти арзанда ва барои ояндаи дурахшони мамлакат, ба хизмати халқ ва Ватан камарбаста, дарои симои аслӣ ҷавонӣ доранд.
Шеронов Б. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ