Кадри арзанда!

Барои кулли ҷавонон Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-уми апрел санаи хотирмон аст. Зеро дар ин санаи таърихсоз аз тарафи азоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ як ҳодисаи фараҳбахш дар таърихи навини тоҷикон ба шумор меравад. Дар арсаи сиёсати воломақом фаъолият намудани ҷавонон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон демократия бо маънои томаш ҳумкфармо гардида, дар ҳақиқат низ кишвари биҳиштосои мо ба тамоми дунё исбот намуд, ки мутахассисони соҳибтаҷрибаю ҷавон метавонанд ҳамчун муҳаррики пешбарандаи ҷомеаи муосир баромад намоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ба вазифаи пуршараф, ва ниҳоят масъулиятноки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Рустами Эмомалӣ, боиси пешрафтҳои минбаъда дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон Тоҷикистон, хусусан дар самти конунгузорӣ мегардад.

Муҳтарам, Рустами Эмомалӣ, ки худ ҷавони дар замони истиқлолият ба воя расидааст ва бо фикру назари тоза аз насли калонсол тафовут дорад, ки ин ба манфиати кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамаи мо гувоҳи он ҳастем, ки дар муддати кутоҳтарин Рустами Эмомалӣ дар арсаи сиёсат ҳамчун роҳбари кордону бомаҳорат ном баровард. Малакаву кордонии Рустами Эмомалӣ дар асоси сулҳу ваҳдати миллӣ ва якпорчагии миллати тоҷикон дар дигаргуниҳои куллии симои шаҳри Душанбе аён мегардад. Дар натиҷа пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе ба як макони биҳиштосои сокинони мамлкат табдил ёфт. Майдончаҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, боғчаҳо ва толорҳои замонивӣ дар шаҳри Душанбе ҳусни онро тағйир доданд. Бунёди роҳҳои бисёрқабата низ яке аз ташаббусҳои асосии роҳбари ҷавону кордон – Рустами Эмомалӣ ба шумор меравад, ки ин тадбир айни ҳол идома дорад. Шаҳри Душанбе дар як фурсати на чандон тӯлонӣ ба шаҳри гулҳо, шодиҳо ва ҷавониҳо табдил ёфт. Айни ҳол дар Душанбе чандин боғи фароғатӣ фаъолият мебаранд, ки ба маркази сайру саёҳати сокинон табдил ёфтааст.

Мо боварии комил дорем, ки чунин таҷрибаи кории муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷодаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёти сиёсии мамлакат бетаъсир нахоҳад монд. Ин гуна ташаббусҳо идомаи сиёсати ваҳдатгароёна буда, таъмин кардани шароити хуби зиндагӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумат дар марҳалаи навин ба шумор меравад. Эътимоду боварӣ ба ҷавонон дар арсаи сиёсати вақт бори дигар ба он ишорат мекунад, ки ҷавонон имрӯз лаёқати идораи сохторҳои роҳбарикунандаро доранд ва барои ҷавонон шароити мусоиди корӣ фароҳам омадааст.

Тавре ба ҳамаи мо маълум аст, яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамаи кишварҳо дуруст ба роҳ мондани қонунгузорӣ ба шумор меравад. Мо боварии комил дорем, ки рӯйи кор омадани чунин ҷавонони боистеъдод дар сохторҳои қонунгузории мамлакат на танҳо ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар байни ҷавонон мусоидат мекунад, инчуни сатҳу сифати ин равандро дигар менамояд.

Тоҷикистон имрӯз арсаи татбиқи ташаббусҳои созанда аст ва мо ба ҷашни бузурги миллӣ-30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида истодаем.

Боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, халқу миллати тоҷик ба ҷавонони соҳибистеъдод, кордону ободкор рӯз то рӯз афзуда истодааст. Мо боварии комил дорем, ки дар натиҷаи фаъолияти худ Рустами Эмомалӣ дар ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат намуда, ҳадафҳои пешгирифтаи миллиро такони мусбат мебахшад.

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like