Сиёсатмадори ҷавону умедбахш
Қайд кардан зарур аст, ки Рустами Эмомалӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон шахси арзанда буда, дар олами сиёсат қадамҳои устувор мегузорад. Дар тӯли фаъолияти кориаш дар вазифаҳои гуногун обутоб ёфта, ҳар як масъулияти бар дӯшаш гузоштаро бо ҳисси баланди ватандӯстиву мардумпараварӣ, кордониву ҷасорат, хирадмандию адолатпешакӣ ва ободкориву созандагӣ иҷро намуда, то ба мақоми Раиси шаҳри Душанбе расид. Маҳз дар ҳамин давраҳо пойтахт гул-гул шукуфт. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум чунин таъкид ва раҳнамоӣ намуданд: “Бовар дорам, ки шумо аъзои Маҷлиси миллӣ, салоҳияту ваколат, донишу маҳорат ва нерӯи худро дар роҳи амали намудани ҳадафҳои олии милливу давлати равона месозед, дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон, пешрафти ободии ватани азизамон ва ба сатҳи шоиста расидани зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон ҳиссаи арзанда мегузоред.
Роҳбарияти нави Маҷлиси милли – Раис ва муовинони ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор, ки мардум ба онҳо бовард кардааст, дар ин ҷода масъулияти даҳчанд доранд ва вазифадоранд, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, махсусан дар ободии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе пешсафу ташабускор бошанд”.
Дар ҳақиқат арзандатарин сиёсатмадори тоҷик ҳастанд. Ба раиси тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар иҷрои вазифаи пурмасъулияташон комёбиҳоро таманно дорам.
Тамоми мардуми тоҷик бо шахсиятҳои таърихиашон фахр мекунанду меболанд.Мо тоҷикон бо Шумо фахр дорем – Рустами Эмомалӣ фарзанди фарзонаи миллат!
Муҳитдинова М. – ассистенти
кафедраи забони аглисии ДДҲБСТ