Маълумоти бардурӯғ реша надорад
Рӯзҳои охир мардуми сайёраро бемории коронавирус, ки ин як намуди зуком мебошад ҳамаро ба таҳлуқа андохтааст. Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд ба таҳлуқа афтода ба суханони шахсони воҳимачӣ ва ҳангоматалаб бовар намоем.
Мардуми мо рӯзҳои аз ин ҳам сахту вазнинро аз сар гузаронидааст. Мо мардуми Тоҷикистон си сол мешавад, ки гурусна намондаем ва дар ин давраи осоишта наход давлати соҳибистиқлоли мо гузорад, ки мо гурусна монем. Бояд қайд кард, ки аз оғози моҳи декабри соли сипаригардида то ин ҷониб дар тамоми давлатҳои дунё вазъият хело муташанниҷ гардида истодааст. Зеро аз сабаби паҳншавии бемории сироятии Covid-2019, тамоми дунё дар ҳайрат мондаанд. Ва барои пешгирии ин бемории сироятӣ ҳамаҷониба ҳукумат ва мутахассисони соҳаи тиб кӯшишу ғайрат карда истодаанд.
Аз расонаҳои хабарии радиои озодӣ ба мо ёдрас гардид, ки гуё дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шаҳрванди вилояти Суғди ноҳияи Ҷаббор Расулов марди 60-сола аз гирифтории бемории сироятии коронавирус аз ҳаёт чашм пушидааст. Аммо баъди муайян ва таҳлил кардани мутахассисони соҳаи тибб санаи 07.04.2020 маълум гардид, ки марҳум аз бемории сироятии коронавирус вафот накарда балки аз дигар бемории ғайрисироятӣ фавтидааст.
Бо дастгирӣ ва дастуру супориши ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми муассисаву ташкилоту корхонаҳои чи давлатӣ ва ғайридавлатӣ инчунин мутахассисони соҳаи тибб барои пешгирии ин беморӣ хело ва хело кӯшиш намуда истодаанд.
Бояд зикр намуд, ки ҳама гуна бемориҳои сироятӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва тозагӣ паҳн мешаванд. То имрӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳодисаи сироятёбӣ ба коронавирус ба қаёд гирифта нашудааст. Якчанд мардумони ба таҳлуқа афтода ва воҳимачиҳо овозаҳои беасосро гӯё ин бемории сироятӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, паҳну намуда, ҳамаро ба таҳлуқа гирифтор карданро дӯст медоранд. Ин ҳама овозаҳое, ки гӯё дар Тоҷикистон сироятёбӣ аз каронавирус ба қайд гирифта шудааст бардурӯғ мебошад. Мо мардуми тоҷик мардуми солим мебошем ва аз ягон сахтӣ ҷои ҳарос надорем .
Имомназарова М.Б. – ассистенти
кафедраи забони англисии ДДҲБСТ