Изҳороти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ нисбати интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикистон давлатест, ки раҳнамову сарвари донишманду хирадманд, дурандешу ботинат дорад. Пешвои муаззами миллат ҳамеша бар он мекушад, ки Тоҷикистон гул-гул шукуфон бошад. Аммо бархе аз хоинони Ватан, мисли Кабирӣ намехоҳанд, ки пешравӣ ва тараққиёти Тоҷикистонро бинанд. Аз ин хотир эътирози худро нисбати Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Рустами Эмомалӣ баён карданд. Гӯё ки Пешвои миллат аз вазифа сӯиистифода намуда, хешовандони худро ба вазифаҳои баланд пешниҳод менамояд.
Ҳамаи ин ақидаву фикрҳои фосиқонаи Кабирӣ мебошад, зеро раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудани Рустами Эмомалӣинтихоби аъзои Маҷлиси Олӣ мебошад. Танҳо он шахсе ба ин вазифа сазовор аст, ки ба пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон саҳмгузор бошад. Аз ин қабил инсонҳо Рустами Эмомалӣ мебошад. Дар ҳақиқат Рустами Эмомалӣ муддати чанд соле, ки раиси Душанбе мебошад, пойтахти азизамон сол аз сол рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Маълум аст, ки Рустами Эмомалӣ ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, метавонад сатҳу сифати зиндагонии мардуми шарафи тоҷикистонро баланд бардорад.
Ин гуна фитнаангезиҳои хоинони Ватан наметавонад, руҳияи устувори миллати тоҷикро коста гардонад, зеро халқ, аллакай, аз хоби гумроҳӣ бедор шудааст ва ба душманони Ватан намегузорад, ки захме ба Тоҷикистони азиз расида бошад.
Аҳли кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ДДҲБСТ