Таҳлука нисфи беморист
Хабарҳои бардурўғе, ки рўзҳои охир дар сомонаи хабарии «Ozodi.org», ки гўё яке аз сокини 60 солаи н.Ҷ.Расулов аз бемории короновирус фавтида, 11 нафар табибон беморхонаи марказии ноҳиявӣ таҳти карантин ва муолиҷа қарор гирифта шудаан, кулли аҳолии кишварро ба таҳлука овардааст.
Ҳолати таҳлука ҳолатест, ки одам ба тарси сахт ва бесабаб дучор мегардад. Аз рўи гуфти табибон дар организми одам тарс як қатор реаксияҳоро ба вуҷуд меорад: тез гардидани кори дил, баланд гардидани фишор, нарасидани ҳаво ва ғ. Барои ҳолати таҳлука ҳисси тарсу ваҳм, рўйдоди ягон офат хос аст. Чӣ тавре, ки олим, табиб ва файласуфи бузурги асри миёна, Абўалӣ ибни Сино қайд менамояд, «таҳлука нисфи беморист, оромӣ нисфи саломатист, сабр оғози шифоёбист».
Имрўзҳо, ки дар сайёра 209 мамлакатҳо ва минтақаҳо мубталои бемории короновирус гардида, аҳолии ин кишварҳо рўзҳои вазининро паси сар карда истодаанд. Хушбахтона дар натиҷаи саъю кўшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии воридшавии ин бемории сироятӣ ба қаламрави мамлакат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳатто, намояндаи Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ ба таври расмӣ эълон дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Лекин бояд дар хотир дошт, ки дар айни замон яке аз таҳдидҳо дар назди ин бемории сироятӣ таҳлука маҳсуб меёбад.
Дар ин рўзҳо зарур аст, ки мардуми тоҷик ба ҳар гуна хабарҳои бардурўғ ва беасос бовар накунанд, ҳатмин тавсияҳои табибонро оиди пешгирии ин беморӣ риоя намоянд, гигиенаи шахсиро риоя намуда, тозагию озодагиро дар ҳама ҷой таъмин намоянд.
Дар ин самт, яъне барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ бояд ҳама муттаҳид гардад!
Саидҷонов С.Ш. – сармуаллими кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ