Дастгирии ҷавонон аз ҷониби давлат
Санаи 18 апрели соли равон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо аъзоёни навитихобшудагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷуцмҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида ва дар он Рустами Эмомалӣ бо як овоз тасдиқ карда шуд.
Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи дастгирии ҷавонон ва ба ҳайси роҳбарикунанда интихоб кардани онҳо дар амал татбиқ шуда ва тасдиқи он аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд карданд, ки интихобшудагон ба ҳайси Раис, муовини аввал ва муовини Раиси Маҷлиси миллӣ арзанда ва соҳиби донишу таҷрибаи кофӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ доранд.
Дар ҳақиқат, шахсиятони интихобгардида арзанда мебошанд ва таҷрибаи бойи роҳбарикунанда ва идоракунанда доранд.
Масалан, Рустами Эмомалӣ ҳамчун Раиси шаҳри Душанбе таҳти роҳбариаш пойтахти Тоҷикистон тамоман симои дигарро гирифта ва тоҳатто яке аз шаҳрҳои хушрўю дилоро дар Осиёи Марказӣ шинохта шудааст.
Бинобар, ин сардори давлат ва аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти фаъолияти арзанда номзадии Рустами Эмомалӣ-ро дастгирӣ намуданд.
Ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдан захматҳои бисёр ва масъулиятро баландро талаб менамояд, ки Рустами Эмомалӣ аз ўҳдаи ин фаъолият низ мебарояд.
Орипов А. – н.и.и., дотсент, декани
факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ