Болои сӯхтаи Кабирӣ намакоб рехтанд!

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии «Ахбор.ком» ва «наҳзат.ру» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, аризаи мазкур бо мақсади таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани фаъолияти террористию экстремистӣ пешниҳод карда шудааст.

Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо ҳалномаи Суди  Олӣ аз 18 феврали соли 2020  қонеъ  карда шудааст.

Чуноне, ки хамаи мову шумо медонем, ташкилотҳои экстремистиву терростӣ мақсаду маромашон ин вайрон кардани авзои дохилии ватани азизамон ва мафкураи халқу шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Дар замонҳои пештар ин гуна созмонҳову ташкилотҳо тавассути ҳар гуна китобҳо, маҷаллаҳо ва ғайраву ҳоказоҳо ташвиқоти кору фаъолияти фисқу фасодонаи худро пеш мебурданд, ҳоло бошад, мутаасифона дар ин замону солҳо ки ҳама гуна техникаву техонологиҳо, сомонаҳо, марказҳои электронии дарёфти иттилоот то андозае бисёр шудаанд, ки ҳисобашонро ёфтан номумкин аст.

Албатта ин гуна гуруҳҳо низ ҳамқадами замон, ба ҳукме “глобализатсия”-кунонидашуда ба ҳисоб мераванд. Дар ҳар гуна сомонаҳои интернети ба мисоли “Одноклассники”, “Вконтакте”, “Фейсбук”, “Инстаграм”, “Телеграм” “Вотсапп”, “Вайбер”, ки бисери шаҳрвандони мо аз ин сомонаҳо фаъолона истифода мекунанд дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ, ақидаву фаъолияти худро ташвиқу тарғиб менамоянд. Хусусан дар байни омма сомонаи “Фейсбук” хеле машҳур ва маҳбуби мардум гардидааст, ин гуна гуруҳҳо ақидаҳои худро дар ҳамин сомона паҳн менамоянд ва дар паҳн кардани онҳо албатта дигар сомонаҳо ба онҳо ёрии хеле назаррас менамоянд. Аз ҷумлаи ин гуна “ёрирасонҳо” сомонаҳои www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») ба ҳисоб мераванд, ки дар фаъолияти худ “бозор”-и ин гуна ташкилотҳоро ба қавле гарм мекунад. Ба ақидаи мо, кору фаъолияти онҳо ба мисли мақоли мардумӣ “Болои сухта намакоб” монанди дорад, чаро? Чунки дар айни замон мардуми мо мутаассифона дар бораи дини худ, арзишҳои он, чи дуруст асту, чи нодуруст, пурра иттилооти кофӣ надоранд. Ҳама маълумотҳо “руяки-руяки” гирифта шудаанд, ё ба тарзи дигар гуем халқи мо ба дигар гуна халқиятҳо такя карда, корҳои нодурусти онҳоро такрор мекунад. Албатта мо намегуем, ки ҳама ҳамин гуна рафтор мекунанд, ҳастанд ононе, ки хушбахтона аз ин дини мубини ислом огоҳ ҳастанд, дар равияи Ҳанафия маълумотҳои кофиро доранд. Лекин боз ҳастанд нафароне, ки кур-курона рафтор карда ба доми ин гуна ташкилотҳои терростиву экстримистӣ меафтанд.

Маҳз барои ҳамин мақомотҳои дахлдор дар симои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикситон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки баҳри пешгирии ин падидаи номатлуб дар байни ҷомеа чораҳои заруриро андешанд. Бастани ин гуна сомонаҳо ба ақидаи мо бамаврид, қобили қабул ва дурандешона мебошад. Чуноне, ки дар боло қайд кардем мардуми мо на он қадар саводи кофии динӣ доранд, ки ин гуна хабарҳои сомонаҳоро дуруст дарк намоянд. Дар ҳолати дуруст дарк накардани чунин хабарҳо, мардум ба ҳар гуна амалҳои экстремистӣ, ки боиси ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо мешавад, даст мезананд.

Изҳороти Саидбоева М.Р. – сармуаллимаи

кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like