Созмонҳои фитнаангези наҳзатӣ

Дар ҷомеаи имрӯзаи мо сомонаҳое ҳастанд, ки ҳадафи он маълумотҳои ғаразноку иғвогаронаро паҳн кардан мебошад.

Яке аз чунин сомонаҳо “Ахбор.ком” ва “Наҳзат.ру” мебошад, ки онҳо дастгоҳи таблиғотии ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки ин сомонаҳо мунтазам маводҳои иғвогаронаро таҳия намуда паҳн менамояд. Ҳадафи онҳо ноором намудани раванди сиёсии ҷомеа ва дар дохили мамлакат зиёд намудани ҷонибдорони худ.

Ҳамчунин сомонаҳои дар боло зикр гардида мехоҳанд дар назди хоҷагони хориҷиашон худро сафед намуда барои аз онҳо кӯмаки молиявӣ гирифтанро мақсад доранд.

Имрӯз дар Тоҷикистон раванди сиёсӣ ором буда ва дар кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром давом дорад. Албатта чунин вазъият ба ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллӣ қобили қабул нест бинобар ин онҳо бо воситаи созмонҳои фитнангези худ ҳаргуна хабару маълумотҳои иғвогаронаро таҳия намуда паҳн менамоянд. Фаъолияти чунин сомонаҳо ба раванди ҷомеа хатарнок мебошад бинобар ин онҳо бояд манъ карда шаванд. Бо пешниҳоди прокурори генералии Тоҷикистон Суди Олии ҷумҳурӣ оиди манъ кардани фаъолияти сомонаҳои “Ахбор.ком” ва “Наҳзат.ру” қарор қабул кард. чунин қарор ба манфиати ҷомеа буда онро аз мақсаду ниятҳои нопоки бадхоҳони миллат эмин нигоҳ медорад.

 Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

 кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like