Ҳалномаи одилона нисбати шабакаҳои иттилоорасонӣ
Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби сомонаҳои www.akhbor.com ва nahzat.ru бисёр маълумоти бардурўғ, беасос, иғвоангез бо мақсади ноором сохтани вазъият, нисбати Ҳукумат бадбинӣ пайдо кунондан, бо чунин роҳ дар хориҷа паноҳ гирифта фикр мекунанд, ки дар байни мардум обрў ва ҷонибдорон пайдо мекунанд.
Мардуми Тоҷикистон аллакай аз суханони чунин афродони разил бадхоҳони миллат медонанд, ки онҳо чи максадҳоро ба сар доранд. Муроҷиати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ, асоснок ва дар айни замон зарурӣ мебошад, чи тавре дар урфият мегуянд илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатӣ ва ҳуқуқу озодӣ ва манфиати шаҳрвандон, пешгирӣ кардани фаъолияти террористию экстремистӣ ҳама кушишҳоро ба харҷ дода истодааст.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки хавфи зиёд доштани ташкилкунандагони чунин сомонаҳо, маводҳои дар ин сомонаҳо нашр ва намоиш дода мешуда, аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода бо ҳалномаи худ санаи 18 феврали соли 2020 онро қонеъ гардонидааст, ки дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru»), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби наҳзати ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва вараҳаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Ҳалномаи Суди Олӣ 19 марти соли 2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст. Аз ин Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми халқи Тоҷикистон боварии комил дорам ҷонибдорӣ мекунанд, зеро мардуми тоҷик дар таърихи навини худ борҳо шоҳиди амалҳои разилонаю бадхоҳона гашта оқибати рафтору мақсадҳои нопоки онҳоро хуб дар ёд доранд.
Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ