Изҳороти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ нисбати манъи фаъолияти сомонаҳои “Ахбор.ком” ва “Наҳзат.ру”

Дар замони муосир сомонаҳои гуногуни ғайрирасмии ватаниву хориҷӣ зиёд гашта истодаанд, ки соҳибони онҳо гурӯҳҳои гуногуни террористиву экстремистӣ мебошанд ва мақсади онҳо халалдор сохтани тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвари мо мебошад.

Ба чунин сомонаҳо “Ахбор.ком” ва “наҳзат.ру” дохил мешаванд. Таҷрибаи  сулҳофарини тоҷикон бори дигар исбот намуд, ки муқаддас донистани замин ва пок нигоҳ доштани он бунёди фалсафаи одамияти тоҷиконро ташкил медиҳад, аз даврони Авасто то ба имрӯз моҳияти хешро гум накардааст ва ба ин хотир  тоҷик наметавонад даст ба низоъ занад. Эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷомеа таҳлил намуда Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон борҳо таъкид намудааст, ки “сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар як шахс  ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳад, ватандӯсту ватанпарвар бошад, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор кунад ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиашро эҳтиёт ва ҳифз намояд”.

Аҳли кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ мавзўи Сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва www.nahzat.ru, ки ба ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ хизмат мекунанд ва бо қарори додгоҳи олии мамлакат баста шуданд, мавариди омўзиш қарор дода, ба чунин хулоса омад, ки Тоҷикистон ва тоҷикони ҷахон аз рўи қавиирода ва зираку доноияшон ба ягон шабакаву сомонаҳои фитнаангез боварӣ надоранд.

You might also like