Бо сомонаҳои террористӣ мубориза бояд бурд!
Пас аз хондани мақолаи «Сомонаҳои интернетии www.Akhbor.com ва nahzat.ru, ки ба ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ хизмат мекунанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуданд» ба хулосае омадан мумкин аст, ки терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби нангини падидаҳои замони муосир буда, садҳо ҷавононро ба коми оташ андохтаанд. Дар шароити феъли мардуми тамоми сайёра сари чунин амалу ҷараёнҳо, ки равияи марзнописандӣ ба худ гирифтаанд, андеша меронад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нисбат ба ин падидаҳои нигаронкунанда бетараф нест. Бинобар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани сари роҳи ин нобакоронро, ки дар Сомонаҳои интернетии www.Akhbor.com ва Nahzat.ru, ки ба ташкилотҳои террористӣ – экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, бастааст. Чунки дар ин сомонаҳо паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда истодааст, ки хатари ниҳодҳои иѓвоангези манфиатҷўйҳои номаълум, ки ҷавонони тоҷикро ба кишварҳои ҷангзада, ба мисли Сурияву Ироқ мекашонанд.
Аз ҳамин лиҳоз, ба низом даровардани истифодаи шабакаҳои интернетӣ дар Ҷумҳурӣ мақсаднок роҳандозӣ гардида, меъёри корбурди он танзим ва масъулиятнокии шаҳрвандону сокинони мамлакатро тақозо менамояд. Гуфтан мумкин аст, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср доман паҳн намуда, шахсони манфиатхоҳ бахусус аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои доми фиреб афкандани истифодабарандагон, аз ҷумла ҷавонон, тарҳҳои мухталиферо роҳандозӣ менамоянд, ҳар нафарро зарур аст, ки дониш, ҷаҳонбинӣ ва ҳушёриву зиракии баланди сиёсӣ дошта бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз санаи 26 декабри соли 2018 чунин қайд намудаанд: «Садди аввали мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир маҳз сарҳади давлатӣ мебошад. Дар ин замина, мехоҳам бори дигар хотиррасон намоям, ки ҳифзи сарҳад вазифаи танҳо сарҳадбонон нест. Ҳар як фарди ватандуст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд».
Бинобар ин мо ҷавонон хушёриву зиракии худро аз даст надиҳем, то ки ин нобакорон фикру ақидаи ҷомеаи моро ба ҳар гуна роҳҳои каҷу килеб ва ғайриқонунӣ набаранд.
Қўзибоева Б.М. – н.и.и., дотсенти кафедраи
баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ