Гузориши ғайрирасмию ғайрикасбӣ

Дар сомонаҳои хабарӣ маълумоти “Радиои Озодӣ” оиди фавти марди 60-сола дар беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо алоқамандӣ ба коронавирус паҳн карда шуд, ки он боиси ташвишу изтироби ҷомеа гардид. Бояд зикр кард, ки “Радио Озодӣ” хабари худро дар асоси манбаи расмӣ таҳия накардааст. Хабари мазкур дар асоси маълумоти шахсони алоҳидаи ғайрирасиӣ таҳия гардида паҳн карда шуд.

Дар брифинги махсус ҷонишини сардори идораи тандурустии вилояти Суғд  М.Ҳоҷибоев қайд карда шуд, ки хабари “Радиои Озодӣ” оиди аз алоқамандӣ бо коронавирус фавтидани сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов асоси воқеӣ надорад. Ин нуқта дар изҳороти вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баён карда шуд. Ҳамчунин табибони беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов иборат аз 11 нафар ташхис карда шуданд ва натиҷаи он нишон дод, ки дар онҳо ягон аломатҳои коронавирус вуҷуд надорад. Бояд кормандони “Радио Озодӣ”  пеш аз пахш кардани ягон хабар дурустии онро аз манбаҳои расмӣ санҷида баъд онро пешниҳод кардан лозим аст.

Хабари “Радио Озодӣ” аз шахсони алоҳида гирифта шуда фавран ба таҳлили расмӣ паҳн карда шуд. Этикаи рӯзноманигорӣ талаб менамояд, ки бояд ҳар як хабару гузориш аз манбаи расмӣ санҷида баъд паҳн карда шавад. Рӯзноманигор ба саросемагию рӯякӣ муносибат кардан набояд роҳ диҳад, ки чунин рафтор боиси ташвишу изтироби халқ мегардад. Рафтори рӯзноманигори “Радио Озодӣ” рафтори ғайрикасбӣ буда асоси расмӣ надорад.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like