Оиди гузориши бардурӯғ

Бо назардошти афзоиш ёфтани шумораи фавтидагон ва гирифторони бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин ва дигар мамалакатҳои хориҷа, имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳои  зиёд нашр гардида истодаанд, ки гӯё ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон, боиси марг ва дар беморхона бистарӣ гардидани чанд нафар гардидааст.

Пас аз нашри чунин хабарҳо шаҳрвандони зиёди мамлакат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, бо изҳори нигаронӣ пурсон шуданд, ки оё  воқеан коронавирус дар мамлакат ба қайд гирифта шудааст,  ё не!?

Дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат расонада шуд, ки то кунун дар кишвар бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, вазорат вобаста ба хабаре, ки гӯё дар ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” як нафар бо сабаби гирифтор шудан ба ин беморӣ ҷон дода,  ҳамзамон, як нафари дигар дар “беморхонаи клиникии Мансуров”  бистарӣ гардидааст,  иттилоъ дода шуд, ки он комилан ҳақиқат надорад.

Дар ҳамин ҳол Саодат Азимова, Директори Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зимни сўҳбат гуфт, то кунун ягон нафарро бо бемории сироятии  коронавирус ба қайд нагирифтаанд. Ӯ овозаҳоро дар мавриди бистарӣ гардидани як нафар бо сабаби гирифтор шудан ба бемории мазкур дар пажӯҳишгоҳ қатъиян рад намуд.

Бинобар ин аз шаҳрвадон даъват ба амал меорем, ки ба иттилооте, ки дар сомонаҳои шубҳанок нашр мешаванд, бовар накунанд.

Чунин ба назар мерасад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос гурӯҳ ва  баъзе афроди алоҳида аз нашри иттилои бардурӯғ вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон манфиатдор буда, бо ин восита мехоҳанд  мардумро  тарсонанд, ё  ба ин восита манфиатҳои ғаразноки хешро ба даст оваранд.

Хушбахтона,  то кунун ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба он дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал меорем, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасос ва дур аз ҳақиқат бовар накунанд.

Муллоҷонова Н.А.  – сармуаллимаи кафедраи

 ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика

ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like