Изҳороти кафедраи сиёсатшиносӣ оиди ҷомеа бояд аз тӯҳмату бӯҳтонҳо ҳимоя карда шавад
Департаменти давлатии ИМА масъалаи ҳуқуқи инсон ва гуногунандешии сиёсиро дар Тоҷикистон аз нигоҳи танқидӣ баҳогузорӣ кардааст.
Бояд қайд кард, ки департаменти давлатии ИМА чунин хулосаро дар асоси маводҳои аъзоёни созмони Паймони миллӣ, ки дар хориҷа ҳаст ва инчунин журналистони “Радиои Озодӣ” тартиб дода изҳор намудааст. Ба андешаи идеологҳои ИМА манъ кардани фаъолияти баъзе журналист, ки маводҳоро ғаразнок таҳия намуда пешниҳод менамояд бояд барои чунин кирдораш ҷавоб диҳад.
Мақомоти ҳокимият ҳатман барои чунин кирдор нисбати журналист чора андешидан ҳуқуқ дорад. Журналистони “Радио Озодӣ”, ки аз сарпарастони хориҷиашон маблағ мегиранд барои манфиати онҳо маводҳоро бештар ғаразнок таҳия намуда пешниҳод менамоянд. Бояд журналистон этикаи журналистиро риоя намуда дар куҷое, ки набошанд рафтор намоянд. Дар навбати худ ҳокимият низ барои ҳимоя намудани манфиатҳои худ дар чорчӯбаи қонун вазифадор аст. Бинобар ин манъ карда шудани фаъолияти якчанд кормандони “Радиои Озодӣ”, ки тарғибгарони ақидаҳои ғаразноки созмону сарапрастони хориҷӣ мебошанд, аз нигоҳи қонун дуруст аст. Бояд ҷомеа аз ҳар гуна тӯҳмату бӯҳтонҳои ғаразнок ҳимоя карда шавад, зеро он муҳити солимро носолим мегардонад.
Аҳли устодони кафедраи сиёсатшиносӣ ДДҲБСТ