Ба воҳимаи “Озодӣ” дода нашавем!
Шаҳрвадони мамлакат бояд аз ҳарвақта бештар муттаҳид бошем, мардумро ба оромӣ, сабурӣ ва таҳаммул даъват намоем, то ки ба эҳсос, ҳарос ва воҳимаву таҳлука гирифтор нагарданд! Шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои иттилоотрасон ба мисоли “Радиои озодӣ” набояд ҳангомаҳо сохта, мардуми дар изтироб мондаро роҳгум занонида, ҳадафу манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии худро амалӣ намуд!
Имрӯз дар назди ҳар яки мо масъулияти азим меистад, масъулияти ҳифзи саломатии худ ва атрофиён. Сатҳи маълумотнокии худро оид ба пешгирии сирояти коронавирус баланд бардорем, ки ин ҳам бори дигар таъкид менамоям, оддиву содда аст, танҳо риояи гигиенаи шахсӣ, баланд бардоштани масунияти бадан, канор гирифтан аз ҷойҳои серодам ба хотири солиму бардам нигоҳ доштани худ ва дигарон.
Қоидаҳои беҳдоштиро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути маводи иттилоотӣ, варақаҳо ва роликҳои гуногун дар ҳама ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои гуногуни кишвар паҳн ва таблиғ карда истодаанд. Аз тарафи шабакаҳои телевизион ва радио, матбуот ва сомонаҳои интернетӣ низ ин қоидаҳои беҳдоштӣ тавассути роликҳо ва мусоҳибаҳои мутахассисон баён карда мешаванд. Ба ҷуз аз ин, ба шумо бо кадом забон осонфаҳму дастрас аст, метавонед қоидаҳои беҳдоштиро аз тамоми телевизионҳои давлатҳои дигар низ дастрас намоед, зеро қоидаҳои беҳдоштӣ барои инсон дар тамоми давлат як аст ва дар ҳама кишварҳо имрӯз маҳз ҳамин қоидаҳо ҳамчун шарти асосии пешгирии сирояти коронавирус таблиғ карда мешаванд.
Салимова М. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ