Наҳзатиён аз вирусҳам ҳангома сохта истодаанд!

Баъд аз мутоилаи маводи мазкур бояд қайд намуд, ки гӯё ки пас аз фавтидани як марди 60-сола дар бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бо нишонаҳои эҳтимолии коронавирус бистарӣ намудани 11 нафар табибону парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, ин бемористон таҳти карантини пурра қарор гирифтааст.

Нисбати маводи мазкур бояд қайд намуд, ки аз тарафи мақомотҳои дахлдори тиббӣ оид ба пешгирӣ намудани бемориии сироятии Ковид – 19 дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла дар шаҳру навоҳиҳои вилояти Суғд, инчунин дар шаҳри Хуҷанд  корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ шуда истодааст.

Чӣ тавре, ки аз расонаҳои ВАО маълум аст, маълумотҳои зиёд оид ба паҳншавии бемории сироятии Ковид – 19 (коронавирус) дар қисми зиёди давлатҳои ҷаҳонӣ ба назар мерасад.

Боиси қаноатмандист, ки мақомоту идораҳои дахлдори тиббии кишвар баҳри пешгирии ин бемории сироятӣ тамому чораҳои заруриро андешида истодааст. Чуноне, ки маълумот медиҳанд, то имрӯз 1133 нафар шаҳрвандон, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд, барои пешгирии ин бемории сироятӣ дар минтақаҳои карантинӣ ба мӯҳлати 14 рӯз нигоҳ дошта шудаанд.

Ҳамин гуна чорабиниҳои зарурӣ имконият доданд, ки то ҳол дар кишвари мо ягон ҳолати гирифтори бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар тамоми ташкилоту муассисаҳо оид ба пешгирии ин вабои аср, инчунин нигаҳдории тарзи ҳаёти солим ва риояи ҳолатҳои санитарию гигиенӣ баҳри пешгирӣ аз ин беморӣ варақаҳо насб шудаанд. Дар варақаҳои насбшуда бисёр тавсияҳо пешниҳод шудаанд, ба монандӣ:

  • шустани даст бо собун ё ин ки бо маҳлули антисептикӣ;
  • даҳон ва бинии худро ҳангоми сулфа ва атзазанӣ бо рӯймолчаи яккарата ё ин ки пушти оринҷ пушонидан;
  • рӯймолчаи истифодашударо ба қуттии сарпӯшдор партофтан;
  • дар маҳалли зист, ҷои кор, таҳсил ва дигар ҷойҳо ҳолати санитарӣ-гигиениро риоя кардан;
  • бо шахсони дигар аз даст фишурдан ҳангоми салом худорӣ кардан.

Оид ба ин мавод қайд кардан бамаврид аст, ки нисбати муовини сардухтури ноҳияи ноҳияи Ҷабор Расулов Алишер Абдукаримов овозаҳои ноасосе паҳн гаштааст, ки гӯё номбурда дар ҳолати вазнин қарор дорад ва ҳоло бистарӣ шудааст. Бо назардошти омӯзиши овозаҳо Абдукаримов А. иттилоъ додааст, ки ӯ бемор набуда, ҳолаташ хуб мебошад.

Мутахассисони соҳаи тиб иброз доштанд, ки ягон ҳолати гирифтори бемории Ковид – 2019 (коронавирус) дар қаламрави вилояти Суғд ба қайд гирифта нашудааст ва ба ҳалокат нарасидааст. Муовини сардухтури ноҳияи ноҳияи Ҷабор Расулов Абдукаримов А. нисбати бошандаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, марди 60 – сола иброз намудааст, ки ӯ аз сабаби гирифтори бемории илтиҳоби шуш фавтидааст. Ҳамаи он гуфтаҳо нисбати шахси бемор ягон асос надорад. Лек сомонаҳои маълумотрасон аз худ ҳаргуна хабарҳои дуруғинро бофта, ба мардум пешниҳод менамоянд.

Гӯё ки дар қаламрави Суғд яке аз беморхонаҳо дар карантин аст. Ин гуфтаҳо ягон асоси воқеӣ надорад, зеро мутахассисони соҳавӣ тариқи расонаҳои хабарӣ ақидаҳои худро иброз доштанд.  Дар ҷумҳурии мо ҳолатҳои марбут ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва боварӣ дорем, ки намешавад ҳам.

Қаҳорова М.А. – ассистенти кафедраи

хадамоти гумруки ДДҲБСТ  

You might also like