Идомаи “Фурӯғи субҳи доноӣ….” дар факултетҳои ДДҲБСТ

Дар асоси нақша чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” барои соли таҳсили 2019-2020 дар факултетҳои донишгоҳ ҷараён дорад. Дар факултети бизнес ва идоракунии донишгоҳ озмуни мазкур доир гардид.

Тибқи нақша устодону донишҷўёни факултети бизнес ва идоракунӣ аз рӯйи номинатсияҳои  адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон  ва азёд гуфтани порчаҳои назмӣ дар озмун иштирок намуданд. Ҳайъати ҳакамон, ки иборат аз намояндагони раёсати донишгоҳ ва устодони собиқадор мебошанд ба маҳорату малакаи иштирокчиён бо назардошти шартҳои озмун баҳогузорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ….” бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари муҳассилин  ба китобхонӣ ва азхудкунии осори бузургону арҷгузорӣ ба китоб роҳандозӣ гардидааст. Баргузории озмуни мазкур тибқи нақша дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ ба роҳ монда шудааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like