Гузориш дар заминаи манбаъҳои манфиатдор

Департаменти давлатии ИМА 11 марти 2020 сол, гузориши навбатии солонаро «Оид ба вазъи ҳуқуқи инсон» дар кишварҳои ҷаҳон пешниҳод намуд, ки дар он Тоҷикистонро ҳамчун як давлати авторитарӣ қайд намудааст.

Бояд қайд кард, ки дар гузориши Департаменти давлатии ИМА таҳлили ҳақиқии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дида нашудааст ва он бештар оҳанги сиёсӣ дорад. Ҳамзамон, муаллифони ин санад асосан ба манбаъҳои «манфиатдор» такя намудаанд, ки ин саҳеҳ будани маълумоти нашршударо зери шубҳа мегузорад.

Дар санад такроршавии матнҳои гузоришҳои қаблӣ, маълумоти бардурўғ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба назар мерасанд. Муаллифони ин гузориш ба манбаъҳои ҳақиқӣ таваҷҷуҳ зоҳир накарда, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро асосан манфӣ нишон додаанд.

Ҳайратовар он аст, ки дар гузориши мазкур талошҳои кишварамон доири мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таъмини амният ва пойдории сулҳу субот, ки бидуни он таъмини ҳуқуқи инсон ғайриимкон мебошад, қайд нашудаанд.

Ҳамин гуна гузоришҳо ҳар сол аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА ба нашр расида, санади сирфан дохилӣ мебошанд. Ин гуна бархўрд ҷавобгў ба муносибатҳои дўстонаи ду кишвар намебошад. Гузашта аз ин, кўшишҳои мазкур ба принсипҳои муқаррарнамудаи Оинномаи СММ, аз ҷумла эҳтиром ба соҳибихтиёрии кишварҳо ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишварҳои дигар мухолифат мекунанд.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аксари паймонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонида, ўҳдадориҳои байналмилалии худро дар чаҳорчўбаи он санадҳо бо масъулияти зиёд иҷро менамояд.

Қонунгузории дохилӣ пурра такмил ёфта, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, дафтарҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шуда, бомуваффақият фаъолият доранд.

Аз ин лиҳоз, боварии комил дорем, ки Департаменти давлатии ИМА дар оянда аз интишори маълумотҳои носанҷида ва беасос, ки ба вазъи воқеии волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рабт надорад, худдорӣ менамояд.

Абдуллоева М. – сармуаллимаи

кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ ДДҲБСТ

You might also like