Ба суханҳои бардурӯғ бовар накунем!
Бояд қайд кард, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари азизи мо Тоҷикистон рўз аз рўз сарсабзу зебо шуда истодааст. Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилотҳои мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Сарвари давлат боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Ман хамчун як чавондухтари тоҷик ва омӯзгори ҷавон Пешвои муаззами миллатро дар зиндаги идеали худ медонам. Зеро он амалҳо ва корҳоеро, ки Пешвоямон анҷом медиҳанд бисёр ҳам дар ҳаёти мо нақши муҳим доранд. Бо ёрии падари азизамон дар ҷахон номи Тоҷикистонро имрўз мешиносанд. Ба ҷавонони даврони истиқлолият ва шаҳрвадони гиромӣ гуфтаниам, ки ба гуфтаҳои беақлонаи ташкилотҳову созмонҳои ифротӣ бовар накунанд.
Он изҳороте, ки Кабирӣ имруз пешниҳод менамояд, нодуруст аст. Имрўз тамоми шароит барои пешгирии вируси COVID-19 дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар, ташкилоту корхонаҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Нарху наво дар мағозаву бозорҳо ба эътидол оварда шудааст. Халқи тоҷик ба гуфтаҳои чунин ашхосон бовар намекунад ва нахоҳад кард. Мардуми тоҷик аз қадимулайём халқи меҳмондўст буд, ҳаст ва мемонад ва ба чунин ҳангомаҳое ки Муҳиддин Кабирӣ нисбати халқи тоҷик баровардаст бовар намекунад.
Суханони Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў ягон хел асос надорад ва имрўз дар кишвари мо баҳри боз ҳам баланд намудани сатҳу сифати зиндагии мардум барномаҳо ва стратегияҳои зиёд қабул карда мешаванд. Роҷеъ ба ҳифзи шаҳрвандон бояд зикр кард, ки Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, баҳри ба Ватан овардани шаҳрвандони дар хориҷ бударо оғоз кард ва тайёраҳои Сомон-эйр ва Тоҷик-эйр ба шаҳру минтақаҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии мардумии Чин тез тез сафарбар карда мешуданд. Шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд ва аз ҷониби мақомотҳои қудратии кишвар ба маҳкама кашида шудаанд, бояд мувофиқи кирдорҳояшон ҷавоб гуянд.
Мо ба суханҳои бофта ва ҳарзагуиҳои Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш муборизаи қатъӣ мебарем ва дастовардҳои кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм ҳифз мекунем.
Каримова Қ. – ассистенти кафедраи
муносибатҳои байналхалқӣ ДДҲБСТ