Ҳисоботи яктарафаи департаменти пасиуқёнус

Кишвари Амрико, ки худро яке аз муддаиёни асосии демократия ва сулҳу субот дар ҷаҳон ҳисоб мекунанд. Аммо на ҳама вақт ба ин ақидаи худ собит ва дар пайи ободии кишварҳои дигари ҷаҳон мебошад. Ҳар замоне сухан доир ба манфиати дигар кишварҳо меравад, бо муносибати махсуси худ дигаронро дар ҳолати шок қарор медиҳад.

Дар бораи стандарти дугонаи ин кишвар маводу матлабҳои  фаровоне ба нашр расидааст. Аммо, нуқтаи ҷолибе, ки инҷо мебинем, ин аст, ки ободии давлате мисли Тоҷикистон барои эшон чандон хуб ва боиси дастгирии эшон набуду нест. Ҳарчанд ҳамасола барои мо маблағҳои зиёдеро ҳамчун грант ихтисос медиҳад, аммо на ҳама вақт ин маблағҳо ба фоидаи миллату давлат равона мегарданд.

Замоне буд, ки Департаменти давлатии ИМА аз он изҳори нигаронӣ мекард, ки дар Тоҷикистон исломи фундаменталистӣ дар ҳолати рушд қарор дорад, ки ин ба амнияти кишварҳои минтақа хатарнок мебошад. Аммо, дар чанд соли охир нигоҳи худро ин ниҳоди кишвари бузург иваз кардааст. Дар назари эшон имрӯз сохтори давлатдории Тоҷикистон барои эшон мояи нигаронӣ қарор гирифтааст. Созмонҳои хориҷие, ки таҳти ҳимояти ин кишвар қарор доранд, пайваста Тоҷикистонро нишони худ қарор додаанду ба ҳарроҳу восита дар пайи он мебошанд, ки дар арсаи байналмиллалӣ обрӯйи ин кишварро хатчадор намоянд. Ташкилотҳои байналмилалӣ, ки пуштибони асосии Ҳизби мамнуй наҳзати исломӣ буд, пас аз баста шудани он ба душмани №1 сохти конститутсионӣ мубаддал гаштанд. Агар солҳои пеш соле як маротиба аз Тоҷикистон гила мекарданд, акнун, дар айни замон ҳар моҳ ба интиқоди ҳукумати оғоз намудаанд.

Амрикову муқараббонаш ба давлате, ки каме пеш мераваду сатҳи зиндагияш беҳ мегардад, бо чашми душмани нигоҳ мекунад. Баланд шудани сатҳи зиндагии мардум аз ҳолати гуруснагӣ наҷот додани аҳолӣ онҳоро сахт нигарон кардаанд. Ҳамагон ёд дорем, ки бо ҳамин баҳона ба сари миллатҳои дунё чӣ бадбахтиҳоеро овардаанд. Кишварҳои Ироқу Сурия, Украинаву Либиё замоне мардумонаш хушбахт буданду сатҳи зиндагии аҳолии баъзеи аз ин давлатҳо ҳатто аз Амрико ҳам беҳтар буд.

Пуштибонии Департаменти давлатии Амрико аз ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом, ин ба вуҷуд овардан ва ба кор андохтани ташкилоте амсоли ДИИШ-у «Толибон» дар Тоҷикистон мебошад. Зеро мо ёд дорем, ки дар аввали низоъҳои Сурия маҳз Амрико чунин гузоришҳо пахш мекарду аз «Ҷабҳат-ан- нусра» ҳамаҷониба дастгирӣ менамуд. Пас аз шакл гирифтани ин гурӯҳ акнун гапҳои пешвақт гуфта худро фаромӯш кардаанд. Мутмаинан, ин давлат дар пайи талош ноамниҳо дар Тоҷикистон мебошад.

 Аминов Д.Ғ. – н.и.и., дотсент

кафедраи иқтисоди ҷаҳони ДДҲБСТ

You might also like