Паймони иғвоангез чун мурғи посӯхта

Имрӯз роҳбарияти “Паймони миллии Тоҷикистон” чун мурғи посӯхта худро ба чор тараф зада бо сӯзу гудоз ҳарф зада аз давлатҳою созмонҳои хориҷӣ пуштибонӣ талаб доранд. Онҳоро қарори Суди Олии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 оиди иттиҳоди террористӣ – экстремистӣ эълон намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба изтироб овардаасст.

Тавре маълум аст Паймони миллӣ соли гузашта бо ташаббуси Кабирӣ таъсис дода шуд ва он бо якҷоягии ҳизби наҳзат фаъолият намуд. Худи Кабирӣ ПМТ – ро бо мақсади муттаҳид гардонидани чор ташкилоте, ки онҳо низ дар хориҷа ташкил ёфта буд таъсис дод. Таъсисёбии ПМТ сабабҳои худро дорад ва онро Кабирӣ ҳис намуд. Сабаб он буд. ки давлатҳои Аврупо ба ҳизби наҳзат он қадар таваҷҷӯҳ надоранд он ғояҳои диниро ҷонибдорӣ менамояд.

Бинобар ин Кабирӣ инро дарк намуда Паймони миллиро таъсис дод ва бо воситаи он бо давлатҳои Ғарб робита пайдо намуд. Дигар сабаби таъсис додани ПМТ он аст, ки доираи фаъолияти ҳизби наҳзат суст гардид, хоҷагонаш чун пештара ӯро дастгирӣ наменамоянд. Дар давоми як соли фаъолият Паймони миллӣ ба ғайр аз дастгирии  ҳизби наҳзат ва дасисаю иғвогарӣ баромад намудан дигар коре анҷом надодааст. Кабирӣ даъво мекунад. Ки гӯё Паймони миллӣ барои манфиати тоҷикон хизмат менамояд, ки ин ба ҳақиқати ҳол рост намеояд.

Агар гӯем, ки ПМТ барои манфиати Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ хизмат мекунад, ин дуруст аст. Паймони миллиро комёбию муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба изтироб оварда истодааст. Чунин комёбиҳо дар мамлакат дар натиҷаи сиёсати созандагию бунёдкоронаи ҳукумату халқи ҷумҳурӣ ба амал истодааст. Тамоми давлатҳою ташкилотҳои байналхалқӣ дида истодаанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба туфайли меҳнати аҳлонаи тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба комёбиҳои шоён сазовор гардида дар кори ҳалли муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир фаъолона иштирок намуда истодааст.

Тамоми сокинони ҷумҳурӣ сиёсати бунёдкоронаи ҳукуматро дастгирӣ намуда, дар кори амалӣ гардонидани нақшаҳои он фаъолона ширкат менамоянд. Бинобар ин чунин раванд ба Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш маъқул нест ва онҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати давлати Тоҷикистонро сиёҳ намоянд. Паймони миллӣ ба ғайр аз иғвогарию бадномкунӣ баҳри ҷомеа дигар ягон корро анҷом надодааст. Бинобар ин фаъолияти чунин созмон    сазовори манъ кардан ва ба фавобгарӣ кашидан мебошад, зеро фаъолияти он иғвоангезию тафриқангезӣ мебошад.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти

 кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like