Ҷонибдорӣ аз қарори одилона

Ҳамчун ташкилоти террористӣ  – экстремистӣ эътироф шудани ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон”- ро тарафдорӣ менамоем. Боиси дастгирӣ аст, ки фаъолияти ташкилоти мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид.

Дар ҳолномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст ва саривақтӣ зикр шудааст, ки сомонаҳои интернетие, ки ба ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон”, ташкилоти террористӣ – экстремистии “Ҳизби наҳзати ислом” ва дигар ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шаванд.

Инчунин, ба мақсад мувофиқ аст, ки воридоту паҳни  аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои он ба ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ба андешаи мо ТТЭ ҲНИ бо иқдоми ташкили паймони нав ба мисли найрангҳои солҳои 90- ум мақсад дорад, ки амалҳои тахрибкорона ва террористиву экстемистияшро зери ниқоби “ПИТ” амалӣ созад. Воқеан “Паймони миллии Тоҷикистон” ин ҳамон ТТЭ ҲНИ бо унвони дигар мебошад.

Мо фаъолияти ташкилоти ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон”- ро воқеан маҳкум менамоем.

Изҳороти Якубов Ҷ.К. – н.и.с., дотсенти

 кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like