Муаммоҳои ҷаҳони муосир

Мутаассифона, дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ аломатҳои чунин зуҳуроту падидаҳои номатлубро, аз қабили радикализм ва экстремизм, синкретизм (яксон, махлут кардани назария, андеша ва ақидаҳои ба ҳам мухолиф), нигелизм (инкори маслаку мафкура, хулқу одоб, сохтори маъмўли ҷомеа), тоталитаризм (яккаҳукмронӣ ва маҳрумият аз тамоми намуди озодиҳо), космополитим (рад кардани ҳуввияти миллӣ, фарҳангу суннатҳои миллию динӣ) – ро мушоҳида кардан мумкин аст.

Радикализм дар шакли экстремизм зуҳур намуда, методи амалисозии он терроризм мебошад. Ҷаҳони муосир пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм, анархизм, ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад. Яке аз падидаҳо ин терроризм ва экстремизм мебошад, ки ҷаҳонро ноором вамафкураи ҷавононро заҳролуд карда ба ояндаи халқу миллатҳо хатари ҷиддӣ меорад.

Ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зўроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа ин терроризм мебошад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ илова бар ин нобудсохтан, зарар расонидан ё забткунии воситаҳои нақлиёт ва дигар обектҳо; сўиқасд ба ҳаёти ходимони давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ. этникӣ, динӣ ё дигар гурўҳҳои аҳолӣ; содир намудани дигар амалҳое, ки  боиси хавфи ҳалокати одамон аст ҳамчун амалҳои террористӣ гуфтан мумкин аст. Ин амалу зуҳуротҳои номатлуб метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, илм, фарҳанг ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Экстремизм ин канораҷўӣ, ифротгароӣ, тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.

Яке аз ҳамин гуна фаъолиятҳо ин ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” мебошад, ки иттиҳоди террористӣ ва экстремистӣ эътироф шуда фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст.

Имрўз ҳар як мо бояд дарк намоем, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад. Бояд ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиѓоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеъа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

Турсунова З.Ғ. – сармуаллимаи кафедраи

иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like