Сӯистифода аз бовариҳои мардум

Ташкилотҳои террористӣ ва экстремистие, ки шумораашон ба садҳо расидааст, созмон ёфтаанд ва ба сафҳои худ шахсонеро, ки дар ҳудуди давлати хеш ҳамчун ҷинояткор дар ҷустӯҷӯ қарор доранд ва ё, ки аз ҳисоби ҷавононе, ки назари танг ба тараққиёти ҷомеа доранд ё, ки аз дину оини аслии хеш дур гашта, ба дигар равияҳо дода шудаанд, шахсоне, ки худро гӯё сиёсатмадор нишон дода, аз сиёсати давлаташон норизо мебошанд ба воситаи ақидаҳои гуногун ҷалб менамоянд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо аз ҷониби кадом созмонҳо ва давлатҳо ба ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ кӯмак расонида мешаванд. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус ҳаминро нишон медиҳад, ки аз ин рафтори созмонҳо ва давлатҳои алоҳида террористон ва экстремистон истифода бурда, барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба куштору таркиш мезананд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чун як давлати мустақил ба арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои нахустини худро дар солҳои 90-уми асри ХХ гузошта, пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид ва ба ҷиноятҳои ҳам анъанавӣ ва ҳам навини  асри ХХ-ХХI аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дучор гардид.

Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат оиди ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд.

Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории хеш мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ муборизаро давом дода истодаанд.

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Ин гуфтаҳоро метавон нисбат ба баъзе шахсони алоҳидаи радикалӣ мансуб донист, ки худро ҳомии дини мубини ислом муаррифӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки дар байни пайравони Имоми Аъзам, ки аксаран мардуми тоҷик пайравашон мебошанд, тухми кинаву  адоват кошта, боз мардумро ба вартаи ҷудоиандозиҳо бикашанд.

Рауфова Ш.М. – ассистенти кафедраи

иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like