Хиётгарони миллат
Тибқи манбаъҳои расмии ва бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда роҳбарони ин ташкилоти террористӣ аз расонаҳои интернетӣ ва бо дигар манбаъҳо ҳаргуна маълумотҳои бардурўѓро паҳн намуда дар асрсаи ҷаҳонӣ нисбати мардуми тоҷик ва ҳолати аслии кишварамон ба дигар роҳ равона истодаанд.
Ҳол он, ки дар асл дар Тоҷикистон кайҳо оромию тинҷӣ, хушҳолию хурсандӣ фаро гирифта ва мардуми миллати тоҷик сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ намуда барои пешрафти кишвари азизамон саҳмгузор шуда истодаанд.
Ба фикрам вақте омадааст, ки акнун нисбати ин роҳбарони ташкилоти террористӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бояд бо давлатҳои хориҷа корбарӣ намуда нисбати ин хиёнатгарони миллат чораҳо то ба ҳабс гирифтани онҳоро корбарӣ намоянд. Ин хиёнатгаран на балки мардуми миллати тоҷикро бероҳа месозанд, балки дигар мардуми ҷаҳониро низ ба доми худ кашида метавонанд.
Хулосаи мо ҳамин аст, ки Паймони миллии Тоҷикистон – хиёнатгарони миллати тоҷик мебошанд!
Салимова М. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ