Аслиҳа бар муқобили хоинони миллат!

Дар раванди сиёсии ҷомеа ва дар пешравии он нақши мафкура ва шуури сиёсӣ аҳамияти муҳим дорад. Тавре маълум аст, дар Тоҷикистон ҳизбҳои гуногун фаъолият доранд ва ҳар кадоми онҳо ба худ хос мафкура дошта, онро тарғиб месозанд.  Раванди имрӯза талаб менамояд, мафкураи ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ бояд харакатери солим дошта, он ба манфиати ҷомеа хизмат намояд.

Алалхусус дар замони пуртазод, бархӯрди таммадунҳо ва ҷараёнҳои экстремистӣ мехоҳанд, ба доми худ ҷавонони гумроҳро шомил намояд. Аз ин раванд ҷавонони минтақаи Осиёи Марказӣ низ дар канор нестанд. Мисоли равшани онро мо дар иштироки ҷавонон дар набардҳои Сурияву Ироқ бараъло мебинем.

Маҳз пайдоиши ба ном «Давлати исломӣ» имрӯзҳо ҳазорҳо нафар шаҳрвандони на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақаро ба доми худ кашида истодааст. Дар ин ҷода бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дарбайни шаҳрвандон ҷоннок карда шавад, то ки ингуна зуҳуроти номатлуб аз ҷомеа барканор шавад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳад, ки сол ба сол сафи ҷавонони ноогоҳ зиёд гашта истодааст. Тибқи изҳороти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрӯзҳо ҳазорҳо нафар шаҳрвандон дар низоъҳои Шарқи Наздик ва сафи ба ном «Хилофати исломӣ» бар муқобили режими давлатӣ дар Сурия, Яман, Ливиё ва Ироқ иштирок доранд. Аз рӯи таҳлилҳо аксари нафарони дар Сурияву Ироқ ҷанганда то 35 – сола ва аз он ҳам ҷавонтар ҳастанд. Ин бори дигар гувоҳи он аст,ки имрӯз бояд тамоми аҳли ҷомеа бар муқобили ингуна зуҳурот, тафакури иртиҷоӣ дошта муборизаи беамон барад.

Дар фазои  бузурги геополитикӣ мамлакати кӯчаки моро низ дар канор монда наметавонад. Сентябри соли 2015 як гурӯҳи муайян хостанд дар Тоҷикистон низ ҷанг сар занад ва бо роҳбарии бевоситаи размандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат генерал – майор Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ба табаддулоти давлатӣ даст заданд, вале ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Тибқи баёноти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сари ин ҳама амалҳои нопок раиси ТЭТ ҲНИ М. Кабирӣ меистод. ҲНИ аз замони таъсисаш бароибунёди ҷомеаи исломӣ, ба монанди Афғонистону Сурия ва Ироқ, кӯшиш кард. Аммо тираш хок хӯрд. Ин вазъи номатлуб бори дигар моро ба зиракиву ҳушёрӣ водор месозад.

Ҷомеаи демократӣ волоияти қонун ва риояи онро аз ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо талаб менамояд. Баста шудани фаъолияти ҲНИ бо қорори Суди Олии Тоҷикистон минбаъд барои пешгирӣ кардани фаъолияти ифротгароӣ ва бо сиёсат омезиш додани динро пешгирӣ намуда, ҷомеаро дар руҳияи арзишҳои солими қонунию динӣ тарбия менамояд.

Ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ватандӯсту худогоҳ бошанд, дар ягон ҳолат бетарафӣ набояд кард. Нагузорем, ки нафарони нохалаф майнаи ҷавонони моро бо ғояҳои ифротгароёнаи худ пур намоянд. Ба ҳар як ҳуҷуми ин гуна гурӯҳҳои экстремистӣ аслиҳа дошта бошем ва зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар гирди давлат ва Пешвои миллат муттаҳид гардем.

Изҳороти  Комилова М.М. – сармуаллими

кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

You might also like